​Таҳияи усули нави санҷиши марҳилавӣ дар дарси забони тоҷикӣ

Бо ибтикори дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, Мунзифахон Маҳмудҷонова усули нави санҷиши марҳилавӣ дар дарси забони тоҷикӣ таҳия гардид.

Гуфта мешавад, ки тадбири мазкур бо мақсади корбурди маҷмӯи тадбирҳо оид ба фаъол намудани неруи таълимӣ-методӣ ва имконияти моддӣ-техникии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар роҳи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ роҳандозӣ шудааст.

Мунзифахон Маҳмудҷонова баён дошт, ки усули мазкур ба донишҷӯёни ихтисосашон ғайрифилологӣ, ки аз фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, хитоӣ, немисӣ ва ғайра таълим мегиранд, нигаронида шуда, тасмим гирифтааст, ки онро ба ҳайати комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишгоҳи давлатии Хуҷандпешниҳод намояд.

Номбурда мегуяд, ки усули мазкур дар се намуд: тести овозии бисёрҷавоба, савол аз рӯйи расм ва намуди сеюм савол аз адабиёти тавсияшуда таҳия гашта, ин таҷрибаи аввал аст, баъзе камбудиҳо дар қисмати барномасозӣ вуҷуд дорад, ки онро ба маслиҳати коршиносон бартараф хоҳем кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ