​ERASMUS PLUS: Пешниҳоди шаш лоиҳаи донишгоҳ ба Иттиҳоди Аврупо

Барномаҳои ERASMUS+ барои солҳои 2014-2020 пешбинӣ шуда, идомаи барномаи TEMPUS ва як қатор барномаҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузороишаванда мебошад. Самтҳои асосии барномаи Erasmus+ соҳаҳои маориф, таҳсилот, ҷавонон ва варзишро фарогир аст, ки дар муддати қайд гардидабарои рушди ин соҳаҳо Иттиҳоди Аврупо14.7 млрд. евро мабалғ ҷудо менамояд.

Бо талошу кўшишҳои кормандони Шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ дар давраи нави пешниҳоди лоиҳаҳо ба барномаи байналимиллалииЭРАСМУС+, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо эълон шуда буд мақсаду моҳияти шаш лоиҳаҳо асоснок карда шуда, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои гуногуни кишвароҳои узви Иттиҳоди Аврупосознишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расонида шуданд, ки унвони расмӣ ва шарикони он чунинанд:

  • ERASMUS+ EcoCarCA: Бо Донишгоҳи Липзигиилмҳои дақиқи Олмон доир ба “Таъсиси шабакаи ягонаи экологии Осиёи Марказӣ барои рушди устувор дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассутибеҳтар намудани барномаҳои таълимии экологӣ ва мустаҳкам намудани салоҳиятнокӣ дар донишгоҳҳои ҳамкор”;
  • ERASMUS+ CALLING: Бо Донишкадаи технологии Лимерики Ирландия доир ба “Шабакаи китобхонаҳои Осиёи Марказӣ: “Замонавикунонии китобхонаҳо тавассути такмили ихтисоси кормиандон ва беҳтар намудни хизматрасони дар китобхонаҳо”;
  • ERASMUS+PUNHEM: Бо Донишгоҳи милли Қазоқистон ба номи Ал – Форобӣ доир ба “Шабакаи ҳамкорони донишгоҳҳо барои паҳн намудани таҷрибаҳои беҳтарин ва навгониҳо дар бахши идораи таҳсиолоти олӣ дар донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ”;
  • ERASMUS+ ACTECH: Бо Донишгоҳи техникии Рига оид ба “Ҳамкорӣ барои таҳияи нақшаи таълимӣ тавассути муаррифии технологияҳои муосир”
  • ERASMUS+MAVCA: Бо Донишгоҳи Генуи Италия оид ба “Идоранамудани маъмурити муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавассути такмил доданиарзшҳои маънавӣ ва салоҳиятнокӣ”
  • ERASMUS+ I-Constructor: Бо Донишгоҳи техникии Краковск ба номи Тадеуша Костюшко оид ба “Коркард ва татбиқи барномаҳои магистрии «Низоми маънавӣ ва комплексӣ барои рушди устувори сиёсати сабз»: Донишгоҳҳо ҳамчун васлгарони иноватсионии экосистема дар соҳаи саноат”.

Дар назар аст, ки комисияибоэътимоди иттиҳоди Аврупо аризаҳоро доир ба лоиҳаҳои ERASMUS+ марвиди баррасӣ қарор дода, натиҷаашро то моҳи октябри соли ҷорӣ эълон намояд.

Ёдовар бояд шуд, ки дар давраи озмуни соли 2018 дар саросари олам 874 ариза ба ин созмони Иттиҳоди Авруповорид гардида, 147-адади он муваффақ шудаанд, ки ин 16.86% ро ташкил медиҳад.

Ҷамшед Истамқулов, сармутахасиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ