​Мизи мудаввар: “Зан-модар аз нигоҳи Пешвои миллат”

Бахшида ба Рӯзи Модардар толори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” маҳфили навбатии “Пайравони Пешвои миллат” таҳти унвони “Зан-модар аз нигоҳи Пешвои миллат” баргузор гардид.

Дар маҳфил, ки ба тарзи мизи мудаввар баргузор гардид, Заррина Манонова - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Заррина Рустамова - мудири шуъбаи кор бо занони донишгоҳ, Диловар Ҷаъфаров - роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд иштирок варзиданд.

Роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и донишгоҳ Муталиб Маҳмудов чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки расмӣ гардидани Рӯзи модар шаҳодатдиҳандаи эҳтирому эътибори хосаи давлату ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба зан-модар мебошад.

Сипас, иштирокдорон доир ба масъалаи баланд бардоштани мақому манзалати Зан-Модар дар ҷомеа ибрози андеша ва мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақому манзалати зан-модар ҳамчун фарҳангсозу тарбияткунанда боло рафта, баҳри фаъолияти занону бонувон дар идора ва сохторҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ