​Наҳзатиҳо дар ба дару беватанед

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ шинохта шудааст ва ин амал аз ҳар як шаҳрванди соҳибҳуқуқи кишвар тақозо менамояд, ки сатҳи маърифат ва фарҳанги сиёсии худро афзун намоянд. Дар воқеъ, имрӯз маърифати сиёсии шаҳрвандон боло рафтааст, ки инро мо дар хаёти харруза аллакай мушоҳида карда истодаем.

Сарвари кишвар таи рӯзҳои охир ба кишварҳои ғарб сафари корӣанҷом дода истодааанд, ки ҳадаф аз ин сафарҳо дар он аст, ки барои рушди кишвар ва пешравии миллатамон заминаи мусоид фароҳам оварда бошанд. Аммо иддае аз мухолифони миллат сафари сарвари давлатро дар Аврупо мавриди нигаронии хос гирифта, манобеи пайрав ба наҳзатиҳо дунболгири сафари корианд.

Мардуми шарифи Тоҷикистонро лозим аст, ки ҷонибдории давлатдории демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаи худ бошанд, барои ҷомаи амал пӯшидаи орзуҳои ҳазорсолаи миллат ва рӯй ба инкишофу пешравӣ овардани Ватани азизамон, ки хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст, бо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгарон ва радикалии динӣ муборизаи беамони худро эълон доранд.

Намояндагони наҳзатӣ бо ҳар роҳу усуле, то тавониста истодаанд, миллати моро танқиду тақлиди бардурӯғ намуда, дар расонаҳои ахборотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар тариқа хабарҳои бемаъниву бемӯҳтаворо паҳн карда истодаанд. Мусаллам аст, ки пас аз мамнӯ гаштани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо аъзоён ва тарафдорони он, аксар чун қавми тӯдагурези босмачӣ аз Кабирӣ оғоз то дигар шогирдони «сухандону сиёсатшиносу кордонаш» дар кадом мамлакатҳои ғарб парешону бесарпаноҳ гаштаанд. Имрӯз онҳо дарбадару худ гумроҳанд, ин танқиду таклиди беасоси мухолифон аз ночориву ноилоҷист. Аз ин пас муқтазои ин беимонон ҳамин аст, лагандбардору фармонбардорӣ беимонон гардидаанд.

Кабирӣ имрӯз як – як шогирдонашро сӯи минбари худсохташон фурӯ андохта ба онҳо сухан ёд дода истодааст. Ки медонад, ки пас аз ба анҷом расидани ҳадафаш ҳоли ун нафарон чи хоҳад шуд. Ё аз ҷаҳолати номардии наҳзатиҳо ба қатл мерасанд, ё зиндагии он фиребхӯрадагони бечора хайвонвор мегузарад. Кабирӣ ба ин дурӯғу васвасаҳои бемаънои худ ва ҳамқадаҳонат хотима деҳ, то чакрае аз дараҷаи инсониятат осор монад ва агар ин корро карда натавонистӣ, пас бидон, ки ин ҳаёту зиндагӣ аз они ту нест, зеро хиёнати ватан худ туро беватан кардааст. Агар нону намаки Ватан мехостӣ, онро пос медоштӣ, арзишҳои он ва ахлоқатро гироми медоштӣ.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ