Муносибати дугонаи созмони «ҳуқуқибашарӣ» ва ё шикасти ТЭТ ҲНИ дар асрсаи ҷаҳонӣ

Роҳбарону муассисони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо сармояи хоҷагони хориҷиашон вазъияти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистонро печида карда, сабабгори ҳалокати беш аз 150 ҳазор одам гардиданд. Барои ин гурӯҳи сияҳкор истиқлолият, давлат ва ҳуввияти миллӣ ҳеҷ арзише надоранд. Онҳо ҳанӯз ҳам аз кирдорҳои ғаразонаи худ даст накашиданд ва ғуломи пулу сармоя гашта, ба асли арзишҳои инсонӣ пушт гардондаанд. Инчунин, дастовардҳои беназири давлату миллати тоҷик наҳзатиёнро башиддат нороҳату асабонӣ мекунад. Аз ҳеҷ дурӯғу сафсатабозӣ нисбат ба давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик парҳез намекунанд.

Ҳеҷ як фарди худогоҳ инкор нахоҳад кард, ки ин ташкилоти террористӣ аз бунёдаш зиддимилливу хурофотзада буда, то кунун ҳеҷ амали хуберо ба манфиати давлату миллати тоҷик анҷом надодааст.

Афсуски, имрӯз муносибати дугонаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ нисбат ба зуҳуроти терроризму ифротгароӣ боиси таассуф мебошад. Хусусан, яке аз созмонҳои адолатпеша ва муҳофизи ҳуқуқи башар САҲА гоҳо амалҳое анҷом медиҳад, ки хилофи арзишҳо ва принсипҳои ин созмонанд. Хусусан, дар ҳамоиши сентябри соли 2019 ин созмон гуфта мешавад, ки «нишасти САҲА дар Варшава, ки аслан як нишасти ҳуқуқибашарӣ аст», аммо дар ин ташкилоти бонуфузи «ҳуқуқибашарӣ»-и Аврӯпо ба фаъолони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ додани имконияти иштирок ва суханронӣ басо тааҷҷуб аст.

Дар ин ҷараён суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ба ин гуна ташкилотҳо ва ғуломони пулу сармоя ҷавоби хеле бамаврид мебошад: «Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид. Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад. Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад. Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад. Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд. Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо суиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд (шаҳри Душанбе, 4 майи соли 2018).

Р.Усанов, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ