​Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест....

Дар дунё як гурӯҳ мардумоне ҳастанд, ки ба қадри оромиву субот ва осоиштагиву хотирҷамъӣ намерасанд ва ҳамавақт дар фикри вайрон намудани авзои ҷомеа мебошанд. Ҳамингуна мардумони носипосро “бандаи ношукр” меноманд. Истилоҳи мазкурро метавонем ба ҳизби мамнӯъ эълоншудаи наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб донист, ки баъди ба ҳадафҳои ғаразноки худ нарасидан аз ҳудуди ҷумҳурӣ фирор намуда, дар кишварҳои бегона минбарҳои хасакиеро аз абас гуфтану ҳарзагӯиву пархошҷӯӣ созмон додааст. Онҳо ҳанӯз бар он боваранд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамон мардуми раҳгумзадаи солҳои 90-уми қарни гузаштаанд ва онҳо метавонанд бо дуруғгуиҳову фитнаангезиҳои худ бори дигар онҳоро аз роҳ бизананд. Вале не, ҳаргиз чунин иқдомҳои разилонаи онҳо ҷомаи амал намепӯшад. Мо шаҳди озодию истиқлолро чашидаем, шукӯҳи осмони мусаффои Ватанро дидаем ва барои ояндаи пурсаодат гом мебардорем ва ба он ёвагуён гӯшрас мекунем, ки он чӣ мегӯед, ба касоне гӯед, ки шуморо нашносанд.

Мутаассифона, онҳо ки будани худро фаромӯш сохтаанд ва ба мағлуб шудани худ тан намедиҳанд, ноҷавонмардона аз пушти шонаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ки Ватани онҳо низ ҳаст, носазо мегӯянд ва ин оромию суботи ҷомеаро, ки таи 27 сол идома дорад, барҳам задан мехоҳанд.

Рафтори ноҷавонмардонаи эшон шабеҳи абёти зерин мебошад:

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

Нотавонбинон ҳаргиз гумон надоштанд, ки Тоҷикистон на танҳо дар ҳавзаи Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми дунё мавқеи боризу намоёнеро ишғол менамояд ва бо пешниҳоди Пешвои муаззами ин миллат масоили глобалии дунявӣ ҳаллу фасл хоҳад гардид. Ҳамчунин, гумон надоштанд, ки забони ноби тоҷикӣ аз минбарҳои бонуфузтарини дунё садо медиҳад ва аксари кулли давлатҳои дунё Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ , ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф менамоянд. Тоҷикистони азиз дар ин муддат ба ҳадафҳои стратегии худ комёб гардида, дар роҳи таҳкими сулҳу салоҳ ва якпорчагии миллат, берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор бардоштааст. Дар фазои сулҳу салоҳ зистани мардум аз бузургтарин неъматҳое маҳсуб мегардад, ки бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат-Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳамаи ин ва зиёда аз ин дастоварду комёбӣ, ки Худованд ба миллати тоҷик арзонӣ доштааст, ба чашми ин назартангон ночиз менамояд ва ин “исломгароён” ҳеҷ гоҳ шукри Худовандро барои неъмати бузург ба ҷо намеоранд.

Мардуми шарифи ватани мо рафтору кирдорҳои нотавонбинонаи ин гурӯҳҳои ҷинояткору хиёнатпешаро маҳкум намуда, бо дилу пур аз меҳри ватандорӣ аз паи ободии кишвари маҳбубамон мешаванд ва бо ваҳдату якдилӣ аз арзишҳои олии дустдории сарзаминашон пуштибонӣ менамоянд.

Мудири шуъбаи

таҳсилоти фосилавӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ