Рафтори ноадолатонаи ҷониби Қирғизистон
Таърих гувоҳи он аст, ки халқи тоҷик дар ҳар давру замон на ба ҷангу лашкаркашӣ балки ба кишоварзӣ, ободкорӣ ва бой гардонидани фарҳанг машғул будааст.
Ҳоло дар замони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳад бесару сомонӣ, беадолатӣ нисбат ба мардуми тоҷик дида мешавад, ки на ба ягон фаҳмиши инсонӣ ҷой дорад. Мисол дар арафаи соли нав санаи 29- декабри соли 2019 тахминан соати 9-45 бо яроқи шикорӣ аз тарафи қишлоқи Кок-таш ноҳияи Баткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба сӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон қишлоқи Сомониён, ҷамоати Чорку оташ афрӯхт, ки дар натиҷа шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Таийба Сафарова захмдор гашт. Аз гуфтаҳои ҳамсоягони Таийба Сафарова ӯ аз хона барои гирифтани об берун гашта, аз тири яроқ захмдор шуд. Тайиба Сафароваро бо зудӣ ба беморхонаи шаҳри Исфара бистарӣ намуданд. Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Ҷумҳурии Қирғтзистон ин ягона ҳодиса набуда, дар вақтҳои охир бисёр дида мешавад. Ин муносибати бераҳмонаи одамӣ буда, ҳатто дар даврони ҷангҳои таърхӣ нисбат ба занон ва кӯдакон чунин муносибат дида намешуд.
Аммо бояд дар хотир дошт, ки ин ҳодисаҳои нохуш ва ғайриодамӣ ба муддати кӯтоҳ равшании худро пайдо намуда, аз тарафи кормандаи ҳифзи ҳуқуқ корбарӣ карда мешавад. Агар ба давлатҳои хориҷа, ки бесару сомонӣ ва ё ҷангҳои шаҳрвандӣ дида мешавад, назар афканда, таҳлил созем, мебинем, ки ин гуна нохушиҳо аз тарафи дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ ташкил ва коргузорӣ карда мешавад. Мақсади чунин ташкилотҳо ин барбод додани дӯстии байни ду давлат ва оромии кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз баҳогузорӣ нисбати ин беадолатӣ ҷиддӣ бояд бошад.
Алимбаева Н. Б. муаллимаи нақашкашӣ, геометрия тасвирӣ ва МТ,
факултаи санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров