​Масъулият дар дасти кист?

...Аҷиб аст, ки Худованд ба тоҷикон чунин сарнавишти пурмоҷаро раво дидааст: Халқе, ки аз азал соҳиби таърих, соҳиби замин, соҳиби тамаддун ва сокини асливу бумии Осиёи Миёна будааст, имрӯз дар қазияи ҳудуд ва замин ба муаммоҳои ҳангуфт рӯ ба рӯст!...

Рух додани муноқишаи навбатӣ дар марзи ду кишвари ҳамсоя – Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рӯзҳои охир ва мубаддал шудани он ба тирпаронии марзбонон ба таври равшан ба мушкили ҳаллу фасли масоили марзӣ байни ин ду кишвар ишора мекунад ва бори дигар аз анҷомнопазир будани муаммоҳои қариб яксадсола шаҳодат медиҳад.

Бисёр таассуфовар аст, ки дар муноқишаҳои охирини марзӣ пайи ҳам хонандаи мактаб ва имоми маҳаллаи тоҷикон латту кӯб шуда ва сокинон ба он муттаҳам гаштанд, ки як шаҳрванди Қирғизистон гӯё аз ҷониби тоҷикон латту кӯб шуда бошад. Аз чӣ боис аст, ки мақомоти қирғиз аз захмӣ шудани як корманди умури дохилии он кишвар ва панҷ каси дигар хабар тибқи манофеи худашон медиҳанд.

Мо бар онем, ки мавриди латукӯб қарор гирифтани мактабхонҳои тоҷик дар ин муноқиша сурат ва сирати аслии саркардагонро возеҳ намоён мекунад. Сангпартоии миёни сокинони наздимарзии ду тараф ва осеб дидани мактабиёнро намунаи беадолатӣ ва надоштани хоҳиши ҳаллу фасли одилонаи масъалаи тоҷику қирғиз шуморидан равост. Ин нукта нигарон мекунад, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистонро сабабгори латту кӯби қирғизҳо мешуморанд.

Мо, аҳли зиё кирдори ноҷавонмардонаи дар сарҳад рухдодаро маҳкум мекунем ва бар онем, ки ин амр ба ангезиши бештари муноқиша сабаб хоҳад шуд. Аз ин рӯ, кирдори ҳамсоягон дар ин минтақа маҳкум гардад. Мақомоти қирғиз тибқи асноди расмӣ иттиҳомро бас кунад ва рафтори мардуми минтақаи наздисарҳадиро зери назорат бигирад.

Изҳороти ҳайати профессорону устодони

факултети филологияи тоҷики

МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ