Ҳазораи саввум арсаи тундгароӣ ва радикализми динӣ

Бо вуҷуди вусъат ёфтани муборизаҳои дастаҷамъо­на бар зидди гуруҳҳои терористӣ ва эктремистӣ оташи ҷанги ғайриинсонӣ хомӯш нагардида, баракс рӯз ба рӯз қувваҳои радикалӣ афзоиш ёфта, ҷомеаи ҷаҳониро нигарон карда истодаанд. Ба таъбири дигар, метавон таъкид кард, ки дар ҳазораи сеюм бо мақсади аз нав тақсим намудани ҷаҳон раванди муборизаҳои қудратҳо авҷ гирифта, боиси ба истиқлолияти давлатии кишварҳои хурду рӯбаинкишоф эҷод шудани хатар гардидааст, ки чунин раванд заминаи нооромӣ ва барҳам задани истиқрору якпорчагӣ мешавад. Тавре ҳамагон огаҳӣ доранд, дар солҳои нахустини истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари азизамон як андоза ба дасти чунин гуруҳҳои манфиатдору тафриқаандоз афтода, қаламрави мамлакат ба майдони инсонситезиву бародаркушӣ табдил ёфта буд, ки мо онро бо чашмони сар дида, имрӯз натиҷаашро эҳсос карда истодаем. Бар асари ин ҳодиса беш аз як миллион нафар сокинони мамлакат гуреза шуда, ба хоки дигар кишварҳо маскан гузида буданд, ки чунин ҳодисаи нангин ба якпорчагиву истиқлолияти Тоҷикситон таҳдид эҷод намуда, хавфи аз байн рафтани давлат ҳам шуда буд. Сиёсати дарҳои бози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оҳиста-оҳиста дасти душманони миллатро кӯтоҳ карда, охирин душманони мардуми фарҳангдӯсти тоҷикро, ки бо мақсади табаддулоти давлатӣ аз нав сар бароварда буданд, дар дохили мамлакат нобуд сохт. Аз ин ҳодисаи на чандон дурӣ таърихӣ ёдовар гардидан, албатта агар аз як ҷиҳат бо мақсади хотирнишон сохтани чунин ҳодисаҳо бошад, аз ҷониби дигар бояд қайд намоям, ки чунин барномаҳои амалигардида дар Тоҷикистон, имрӯз дар дигар кишварҳо низ роҳандозӣ шуда истодаанд, ки далели аз як сарчашма маншаъ гирифтани онҳо ба шумор мераванд. Тероризм ва эктремизми динӣ бар асари босуръат сиёсӣ кардани дини мубини ислом рӯйи кор омада, имрӯз тамоми сайёраро фаро гирифтааст. Тавре Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» ишорат карданд: «Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд». Ҳамин тариқ метавон таъкид кард, ки дар ҳазораи дуюм башарият бо вуҷуди аз сар гузаронидани бузургтарин ҷанги ҷаҳонӣ ба чунин даҳшату муборизаҳо хотима бахшида натавонист ва ёдовар бояд шуд, ки равишҳои тавсеахоҳонаи абарқудратҳо дар арсаи ҳазораи сеюм бо шаклу намудҳои дигар зуҳур ёфта, вазъиятро печидатар гардонидааст. Зуҳуроти терроризм ба тундгароӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷиноятҳои ғайриқонунии фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо асос гузошт. Ба террористон арзишҳои миллӣ, маънавият ва таҳаммулгароиву гуманизм бегона аст. Ҳодисаҳои нангини кишварҳои Ховари Миёна нишон медиҳанд, ки эктсремизми динӣ бар зидди ин гуна арзишҳо нигаронида шудааст. Мутаассифона садҳо нафар ҷавонони Тоҷикистон бо ҳамроҳии зану фарзандонашон дар хоки кишварҳои Сурияву Ироқ қарор дошта, даҳҳо нафари дигар ҷони худро аз даст додаанд. Раванди пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ агар тайи чанд соли охир коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо аз ҷониби як гуруҳ фарзандони фурӯхташуда, ки мехоҳанд ҳамон ҳодисаи солҳои навадумро аз нав дар Тоҷикистон такрор созанд, доманаи ҳар гуна тарғиботҳои ғайриқонунӣ васеъ шуда истодаанд. Онҳо дар хориҷи мамлакат бо ҳар гуна ҳангомаву иғвоангезиҳои ноҷавон­мардона кишвари моро ба ҳамин мақсад нором карда, ташвиқотро ба воситаи ҳамкорони «озодандешашон» дар сомонаҳои интернет ба роҳ мондаанд. Тоҷикистон, ки дар давоми бисту ҳафт соли соҳибистиқлолияш ба як кишвари воҳиду ягона табдил ёфтааст, дигар намегузорад сарнавишти ояндаи сокинонашро ба дасти зархаридону бегонагони худӣ супорад. Зеро ахиран дар конфронси байналмиллалии сатҳи баланд, ки таҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар Душанбе бо иштироки муовини Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид, Дабири кулли созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо санаи чоруми майи соли ҷорӣ доир гардид, аҳамияти баста шудани фаъолияти гуруҳҳои террористиву ифротгароӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби шахсиятҳои баландрутбаи кишварҳои хориҷӣ бозгӯ карда шуд. Аз суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон ҷаноби Шри М. Ҷ. Акбар эҳсос мегардад, ки сулҳи Тоҷикистон дар қаламрави Осиёи Миёна на ин ки аҳамияти минтақавӣ дорад, балки ин оромиву истиқрор ба давлатҳои минтақаҳои баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ низ хеле ва хеле муҳим мебошад. Ҷаноби Шри М. Ҷ. Акбар дар бораи ҷанги бародаркуши солҳои навадум изҳори андеша карда, аз ҷумла чунин таъкид намудааст: «Ин даврае буд, ки манфиатҳои пурқувват, ки аксар вақт аз ҷониби давлат пуштибонӣ меёфтанд, барои омӯзишҳо ва гурӯҳҳое ба монанди «Толибон», «Ал-қоида» ва филиалҳо, барои паҳн кардани бесарусомонӣ дар минтақаҳои мавриди ҳадаф сафарбар карда мешуданд. Тоҷикистон, ки бо чолиши худ рӯ ба рӯ шуда буд, ба ном Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки миёни он Ҳизби наҳзат буд, истило кард. Мо бояд маънои ин дастовардро эътироф ва дарк намоем. Ҳамин тариқ Тоҷикистон пеши роҳи сироятёбиеро, ки метавонист тамоми Осиёи Марказиро мубтало карда, бо шарикони идеологӣ то баҳри Каспию Сиёҳ ва Левантеву Ироқ мепайваст, гирифт … Мо бояд Президент Эмомалӣ Раҳмон, қудрати қувваҳои амниятии ӯ ва рӯҳияи мардуми тоҷикро барои роҳ надодан ба табдилёбии чолиши хатарнок ба фоҷиаи идоранашаванда, ки талафоти зиёд диданд, табрик намоем». Моҳияти чунин андешаҳоро роҳбарияти хиёнаткору ифротии ҳизбҳои сиёсии мамнуъ дар Тоҷикистон бояд дарк намояд. Зеро дурнамое, ки онҳо бо таҳрифи дини мубини ислом қабул кардаанд, на ин ки ба Тоҷикистон, балки ба тамоми мардуми сермиллати қораи Осиё хатарзост. Акнун ба осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки гуруҳҳои ифротӣ бо амалӣ намудани ҳадафҳои нопокаш халқи тоҷик ва ҳатто дигар кишварҳои ба ӯ дусту ҳамсояро нором карда, ҷиҳати аз нав ғулом кардани мардуми Шарқ Тоҷикистонро ҳадаф қарор додаанд. Мардуми минтақа имрӯз ба хубӣ дарк кардаанд, ки нооромии Тоҷикистон ин нооромии онҳо ва аз ҷумла тамоми чаҳон мебошад. Тоҷикистон зери сиёсати дурби­нонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳандозии чунин ибтикороти созанда дар таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар, аз ҷумла минтақаи Осиё Миёна ва ҳатто Қораи Осиё ба як дастоварди нодир ва пуарзиши сиёсиву мафкуравӣ ноил гардид, ки шоистаи арҷгузорист. Ҷаноби Шри М. Ҷ. Акбар ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ба Ташкилоти террористӣ ва эктремистӣ аз нигоҳи ислом чунин баҳо додааст, ки дуруст мебошад: «Идеологияҳои ин ҳизб зери мафҳуми «наҳзат» чӣ маъно доранд? Чун мусулмон манн ба таваллуди Ислом бовар дорам, зеро ки таваллуд аз Худованд омадааст. Ин наҳзати қалбақӣ — кори одамони гумроҳ аст. Худованд Исломро қосиди сулҳ офаридааст. Ин одамони бадгумонанд, ки Исломро ба воситаи асбоби ҷанг табдил додаанд. Худованд Исломро ба эътимоди плюрализм табдил дод: Қуръони Карим мефармояд: «Лакум диникум вал ядим» (Имони Шумо барои Шумо ва имони ман барои ман). Роҳбарони гумроҳи наҳзатӣ имонро ба зулми одамони дигар дину эътиқод табдил додаанд». Ин падидаи номат­луби минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ба сифати як ниҳоди ифротӣ барои мусалмонони ҷаҳон хатарнок буда, аз имону исломи ноб ба маротиб дур ҳастанд ва танҳо аз ислом ҳамчун як василаи эътиқодот ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои нопок истифода мебаранд. Дар ин маврид, ҷаноби Шри М. Ҷ. Акбар чунин қайд менамояд: «Терористҳо ва сарпарастони онҳо бо роҳи фиреб одамони аз ҷиҳати иқтисодӣ заифро ба фабрикаи худкушии худ ҷалб мекунанд, чи гунае, ки ман дар эссей ҳамчун «хаёлпарастии таназзул» тавсиф намудам».

Дар маҷмӯъ, метавон таъкид кард, ки суханронии Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон ҷаноби Шри М. Ҷ. Акбар дар конфронси байналмиллалии Душанбе саривақтӣ буда, як ҳушдори тозае ба мардуми минтақа доир ба авҷ гирифтани раванди сиёсигардонии ислом аз ҷониби намояндагони ташкилоти террористӣ-экстремис­тии исломӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон дар арсаи ин муборизаҳо ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, барои пойдории сулҳу субот ва инчунин бартараф кардани ҳаргуна тадбирҳои хатарзои ифротии ташкилотҳои ба ном исломӣ тамоми қувваи хешро сафарбар менамояд. Дар маҷмӯъ, муборизаҳои беамон ва созандаи халқи тоҷик дар хотима бахшидани шадидтарин ҷангҳои дохилӣ як раванди нави эҷоди сулҳофариниро дар таърихи башарият рӯйи кор овард, ки созмонҳои байналмиллалӣ ин таҷрибаро имрӯз дар дигар кишварҳои ҷангзада ба таври васеъ истифода мебаранд. Ба таъбири дигар, бояд қайд кард, ки халқи фарҳангофар ва маънавиятпарвари тоҷик дар кадом даврае, ки набошад, бо хиради азалӣ ва нерӯи маънавӣ ибтикороту барномаҳои ташаббускоронаеро барои башар ва рифоҳи ҷомеа роҳандозӣ намуда, бо чунин хидматҳои инсонӣ дар тамаддуни башарӣ нақши созандаеро гузоштааст, ки намунаи боризи он сулҳ ва хомӯш шудани ҷанги дохилӣ дар мамлакат мебошад. Муборизаҳои беамон ва созандаи халқи тоҷик дар хотима бахшидани шадидтарин ҷангҳои дохилӣ як раванди нави эҷоди сулҳофариниро дар таърихи башарият рӯйи кор овард, ки созмонҳои байналмиллалӣ ин таҷрибаро имрӯз дар дигар кишварҳои ҷангзада ба таври васеъ истифода мебаранд. Ба таъбири дигар, бояд қайд кард, ки халқи фарҳангофар ва маънавиятпарвари тоҷик дар кадом даврае, ки набошад, бо хиради азалӣ ва нерӯи маънавӣ ибтикороту барномаҳои ташаббускоронаеро барои башар ва рифоҳи ҷомеа роҳандозӣ намуда, бо чунин хидматҳои инсонӣ дар тамаддуни башарӣ нақши созандаеро гузоштааст, ки намунаи боризи он сулҳ ва хомӯш шудани ҷанги дохилӣ дар мамлакат мебошад.

Раҳимов А., Абдуллоев Р


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ