​Нохушӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Шоми 16 сентябр дар қитъаи баҳсии марзи ду кишвар тирандозӣ рух дод. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи тирандозӣ дар марз бо Қирғизистон аз ҳар ду ҷониб як нафар кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар баёнияи Қушунҳои Сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, “ҷониби Қирғизистон соати 18:45-и санаи 16-уми сентябри соли 2019 дар ҳудуди майдони варзишии маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Овчи- Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, сохтмони иншооти номаълумро роҳандозӣ карданд”.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди тақозои сокинони маҳаллаи Баҳор қирғизҳо корҳои сохтмониро дар минтақаи баҳснок қатъ накардаанд.

Ҷониби қирғиз хилофи созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳснок мушаххас мекунад, амал намуда, ба маҳалли ҳодиса қувваҳои ҷангии иловагиро иборат аз 250-300 нафар сафарбар карданд. Сипас, онҳо ба иғвогарӣ даст зада, соати 19:00 ба самти сокинони бесилоҳи маҳаллаи Баҳор тир кушоданд, ки дар натиҷа якчанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.

Дар ҳамин ҳол ҷониби Қирғизистон иддао мекунад, ки маҳз аз самти Тоҷикистон тирандозӣ шурӯъ шуда ва низомиёни тоҷик аз минемёт истифода кардаанд. Дар натиҷа, як сарбози қирғиз ҷон бохтааст.

Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар додааст, ки бар асари тирандозӣ дар марз 14 шаҳрванди ин кишвар захмӣ шуда ва дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазъи саломатии ин ду захмӣ вахим арзёбӣ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон аз захмӣ шудани 12 шаҳрванди худ хабар додааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Қӯшинҳои сарҳадии Қирғизистон, раҳбарони қӯшинҳои сарҳадии ин ду кишвар вазъияти марз ва ҳодисаи тирандозиро баррасӣ кардаанд.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва Чингиз Айдарбеков, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон низ шаби 16-уми сентябр телефонӣ вазъ дар марзро баррасӣ кардаанд.

Феълан ҷонибҳо вазъият дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро ором арзёбӣ кардаанд. Мо љонибдор њастем, ки дар марзу буми њарду кишвар сулњ танинандоз бошад.

Аҳли ҷомеаи кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ