Таҷлили Дарси сулҳ ва дониш
Ҳамасола дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи якуми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил карда мешавад.
1 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, дар чорабинии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ иштирок намуданд.
Баъд аз ифтитоҳи бинои нави маъмурию таълимии Донишкада Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандон, магистрантон донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуданд.
Суханронии Пешвои миллат дар Дарси сулҳ ба аҳли устодону кормандон ва донишҷўёни МДТ «ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров» аз ҷумла факултети физикаю техника рӯҳияи тоза бахшид.
Коллективи устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултети физикаю техника дар 1 толор ва 4 синфхонањо пахши мустақим Дарси сулҳ – суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.
Пешвои миллат дар сухани табрикотии хеш устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус кӯдаконе имсол ба боргоҳҳои маърифат қадами нахустин мегузоранд табрик намуда иброз доштанд, ки дар оғози соли нави таҳсил яъне дар рӯзе, ки мо ба донишу маърифат ҳамчун калиди худогоҳиву бедорӣ ва ибтикору созандагӣ арҷ мегузорем нерӯи ақлу хирад, донишу маърифат ва иродаву садоқат роҳи шуморо дар идома додани корномаи бузургони гузаштаи миллати тоҷик равшан хоҳад кард.
Бояд қайд кард, ки ҳайати омўзгорону кормандон ва донишҷўёни факултети физикаю техника Дарси сулҳи Пешвои миллатро дар тамоми гурўҳҳои академӣ мустақиман тамошо намуда,дастуру супоришҳое, ки дар партави суханронӣ иброз намуданд, сармашқи фаъолият ва хониш менамоянд.
Ин анаъанаи некро ҳамасола донишҷӯён ва устодон бо меҳри беандоза риоя намуда, аз суханрониҳои Роҳбари хирадманди кишвари хеш баҳраҳои ҳаётӣ мебардоранд.
Декани факултети физикаю техника,
н.и.ф.-м., дотсент Шамсидинов М.И.
Мудири кафедраи электроника,
д.и.ф.-м., профессорТошхўҷаев Ҳ.А.