​Изҳороти омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ

Чунонки ба ҳамагон маълум аст, гурӯҳи ифротгаро ва террористии Паймони Миллии Тоҷикистон ва аъзоёни он худро ватандӯсту ватанпарвар шумурда тавассути паёмҳои бемағзу беандешаи хеш ба мардум муроҷиат менамоянд. Онҳо худро муборизони содиқи Ватан муаррифӣ намуда андешаҳои худро таҳти номҳои гуногун тавассути сомонаҳои интернет дарҷ менамоянд, ки мақсади барангехтани низоъ байни инсонҳо ва бадбинӣ нисбати сохти давлатдории имрӯзаро дорад. Онҳое, ки аъзои гурӯҳҳои ифротии Паймони Миллии Тоҷикистон, Анҷумани озодандешони Тоҷикистон ва ТЭТ ҲНИ ҳастанд ва ё бо онҳо робита доранд як мушт афроди бемағзу беандеша мебошанд бо ниятҳои бад. Агар онҳо заррае ору номус, андешаи ватангароиро медоштанд, ҳаргиз берун аз марзи кишвари хеш ба ғайбату беҳудагӯӣ нисбати миллати худ роҳ намедоданд. Худро тоҷикистонӣ аммо мухолифи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намекарданд. Сухани афроде ба монанди Темури Варқӣ ва Саидюнуси Истаравшаниро, ки хоинони миллатанд, мардуми осоиштаи Тоҷикистон намепазиранд ва дастгирӣ низ намекунад. Фаъолияти гурӯҳии онҳо низ ягон натиҷаи умедбахше надошта, балки рафтан ба роҳи роҳи найрангу фиреби мардум аст. Онҳо мехоҳанд, соҳиби мақому манзалат дар Тоҷикистонбошанд ва ҳадафҳои нопоки хешро тавассути номҳои гуногун дар кишвар амалӣ созанд. Дар байни ташкилотҳои паймони Миллии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Ислом ва Анҷумани озодандешони Тоҷикистон тафовуте набуда, мақсади ҳамаи онҳо як чиз – барангехтани иғвову дасиса байнимардуми Тоҷикистон ва халалдор намудани амну осойиш дар ин кишвар асту халос. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду гузоришҳоли хеш оид ба бартараф намудани хатарҳои экстримистиву терорристӣ изҳори назар намуда мардумро ба зиракии сиёсӣ даъват менамоянд ва Тоҷикистонро яке аз давлатҳое мешуморанд, ки дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ саҳми хоса дорад.

Имрӯз тоҷикону тоҷикистониёнро зарур аст, ки андешаҳои Пешвои миллатро дастгирӣ намуда дар зери ливои сулҳу озодӣ зиндагӣ ба сар бурда, амнияту осойиштагиро дар ҷумҳурӣ ҳифз намоянд. Ба гуфтору дасисаҳои мардуми бадандеш ва ифротгаро ба монанди Сайидюнуси Истаравшанӣ ва амсоли ӯ гӯш надиҳанд ва то метавонанд, бар муқобили онҳо муборизабурда барои пешравии кишвари хеш бо амалҳои шоиста саҳмгузор бошанд. Мо омӯзгорон, чунин гурӯҳҳои ифротиро маҳкум менамоем ва то тавону қувват дорем, бар муқобили онҳо мубориза мебарем!!!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ