​Ба қадри ҳаёт бирасем

Шукри Яздони пок мекунем, ки миллати мо зиёда аз 27 сол аст, ки аз обу ҳавои Истиқлолият нафас мегираду кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Офтоби оламафрӯз бо нури ҷонбахши хеш ба табиати биҳиштосои диёр, кӯдакони хандон, ба пирони барнодилу мардуми меҳнаткаш қувваю дармон мебахшад. Оё ин хушбахтии бузург нест? Албатта, барои инсонҳои ҳаётдӯсту худшинос аз ин дида хушбахтии дигаре нест.

Мутаасифона, ҷамъият якранг нест. Инсонҳое ҳастанд, ки ба қадри тани сиҳаташон намерасанд, аз камтарин мушкилот ба ҳиссиёт дода шуда, роҳи халосиро аз шомил гардидан ба ҳар гуна гурӯҳу равияҳои ифротгароӣ медонанд. Беҳуда намегӯянд: «Меваи сабр ширин аст,» ё ин ки «Санги вазнинро об намебарад.» Шахси сабур, албатта дар зиндагӣ муваффақ мегардад.

Сад афсӯс, ки солҳои охир ба ин ободиву озодӣ, нашъунамоии кишвари афсонавии мо хатари ҷаҳонӣ таъсир мерасонад. Аз шунидани воҷаҳои навба монанди терроризм, экстримиз, бегонапарастӣ, ифротгароӣ, кочоқи маводи мухаддир, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, ҷудоиандозӣ, гумроҳшавӣ табъи инсонҳои худогоҳу созанда ваободкорро хира мегардонад.

Сабаби шомилшавии гурӯҳи одамон ба ифротгароӣ аз нодонӣ, нокофиягии дониши онҳо, эҳтиёҷоти иқтисодии онҳо ҳадафи нохалафони миллат гаштанашон мумкин аст.

Боиси ташвиш аст, ки имрӯзҳо занон низ ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мегарданд. Ҳол он ки манзалати зан офарандагист ва зиндагӣ маҳз аз муҳаббати зан маншаъ мегирад. Устод Турсунзода занро сарчашмаи ишқу зиндагӣ ва офарандаву созандаи ҳаёти солим ба қалам додааст. Устувории мавқеи зан, дилсӯзии ӯ нисбат ба фарзандон метавонад фарзандонро аз роҳи каҷ ба роҳи рост ҳидоят намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муббориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир дар сафи пеш қарор дорад. Ҳукумати кишварамон барои мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020» - ро тасдиқ кард, ки бар асоси он мубориза бар зидди ифротгароӣ ва зӯроварӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳар фарди кишвар, аз он ҷумла ҷавонон бояд ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамонро ҳамаҷониба қадр намуда, ба чунин арзишҳои муқаддас арҷ гузоранд.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти реаксионии динии экстримистӣ – террористӣ, ки бехатарии давлат ва низоми демократии онро халалдор менамоянд, хеле муҳим буда, роҳу воситаҳои худро дошта, имрӯзҳо ба яке аз самтҳои сиёсати давлатии мо табдил ёфтааст.

Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамонроҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири насли наврас тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳнатпарастӣ мебошад.

Ба он гумроҳшудагон муроҷиат карда мегӯям, ки Ватани худро пос доред! Хизматашро ба ҷо оварда, барои ободии он кӯшиш намоед! Ҳамеша аз душманон ҳимоя намоед. Ва донед, ки ҳеҷ як кишвари бегона Ватани моро обод намекунаду ин қадар меҳру муҳаббат намебахшад. Ба қадри ҳаёт бирасед, зеро як бор ба ҳаёт меоед.

Сиёсати пешгирифтаи Сарвари муаззами давлатамонро дастгирӣ намоему дар атрофи давлату ҳукумат муттаҳид шуда, ба паҳн шудани ҳар гуна ғояҳои бегонапарастӣ, иғвоандозӣ ва бесубот намудани кишвар роҳ надиҳем. Зиракию ҳушёрии сиёсии хешро дар кадом ҳолате, ки набошад аз даст надиҳем.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ