Изҳороти устодони факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус
Тибқи маълумоти расонахои хабарӣ сафари расмии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмонба давлатҳои Аврупо аз 4 – уми ноябр аз Швейтсарияоғоз гардида, 12- уми ноябр ба итмомрасид. Ба ҳамагон маълум аст, ки сафарҳои расмӣ ба манфиати давлату мардуми Тоҷикистон буда, дар ҷараёни он чандин шартномаву созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд ва аз ҳама муҳимаш робитаидўстиву фарҳангиикишварҳо густурдаву фарох мегардад. Дар вохўрии Пешвои миллат бо раиси ҷумҳурии Фаронса 11 ҳуҷҷатҳои давлатӣ ба имзо расида,сўхбату машваратҳои ҳамкорӣ, вохўрӣ бо роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV ва тоҷирону роҳбарони ширкатхои бонуфузташкил ва бургузор шуда, барои рушди ҳамкориҳои ду давлат манфиатбахшу босамарҷараён гирифт.
Вале, на ҳама қудрати дар ки пешравиву тараққиёти Тоҷикистонро доранду кўшиш ба доранд, кибо истифода аз фурсати муносиб баъзе андешаҳои ифлоси худро рўи қогаз оранд ва ё тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба мардум гўшрассозанд.Созмонидидбони ҳуқуқи башарва Созмони хабарнигорони бидуни марзхостаанд, ки гўё масъалаи сарқўбу мавриди шиканҷа қарор додани боздоштшудагонро дар Тоҷикистон дар ҷараёни ҳамин сафар бо дастираиси ҷумҳурии Фаронса Эммануил Макрон ҳал намуда бошанд ва бо ин ният гурўҳе аз мухолифин – намояндагони«Паймони миллӣ»ва «Гурўҳи 24» намоиши эътирозӣташкил намуда, гўё эътирози худро баён доштанду аз ҷаноби Макронкўмак пурсида бошанд. Ин амалҳо зарбулмасали «зўри беҳуда, миёни шикаста» - ро ба хотир оварда ханда ва нафратикасро меорад ва саволе азоби виҷдон медиҳад, ки инсафсатаву дасиса, бадбинию лагандбардорӣкай анҷом меёбад? Наход инсоне, ки зиндагиро дар мулки бегона ихтиёр кардааст, ин қадар хумори Ватан боло гирифтааст, ки кўру кар шудавуҳақро аз ботил, сиёҳро аз сафед, ошноро аз бегона фарқ намекунад?....
Зиндагӣ дар кишварҳои мутараққӣ ба андешаибаъзеаз инсонҳо хуб аст, валедар ҳоле, кибо Ватани аҷдодиат дар тамосуалоқа бошӣ, аз инкишофу рушди онзавқ барӣ, ифтиҳор намоӣ, дигаронро талқин намоӣ, ки биё Тоҷикистон равем, аз ҷаннати заминӣлаззат барем.. На ин ки аз «тағо»-и бегона ёрӣ талаб кунӣ, киморо аз саркўбӣ наҷот деҳ…
Шояд лоиқи гуфтан набошад, лекин барои шумо саркўбӣ кам аст, қалби мурдаатонро, мафкураи холиатонрозада бедор кардан лозим аст, то ки ба қадри хоки Ватан, ба қадри модару падар, ба қадри меҳнату заҳматиустодону омўзгоронатон, ки шуморо то ин андоза«доно» намудаанд, ба қадри ҳар гулу буттаи Тоҷикистонрасед…
Қодирова М.А. – муовини декан оид ба корҳои тарбия