Доир ба амалкарди ватанфурўшони ТЭТ ҲНИ
Имрўзҳо аксарияти аъзоёни ҲНИ ба шахсони хиёнаткор ва ватанфурўш табдил ёфтаанд, чунки ҳизби онҳо барои ободию шукуфоии ватани азизамон - Тоҷикистонкоре накардааст. Каме бошад ҳам, ҳар як аъзои ин ҳизбдар амалишавии«Нақшаҳои хиёнаткорона» - и ҲНИ «саҳм» гузоштаанд. Чӣ хеле ки мегўянд, қатра – қатра дарё мешавад. Агар мардуми кишвари мо фирефтаи макру ҳиллаи аъзоёни ин ҳизб мешуд, имрўз Тоҷикистони мо ба монанди давлатҳои Ироқу Суриямегашт. Хайрият, ки роҳбарони давлати мо, шахсони ҳушёру зирак аз «сирру асрор» - инаҳзатиён тез огоҳ гаштандумардумро ҳушдор сохтанд, то инки ба макруфиреби наҳзатиён дода нашаванд. Ин дуруст будани мақоли халқии «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ» - ро нишон дод. Худи наҳзатиён низ аз фош шудани сирру асрорашон огоҳ гашта, аксари роҳбаронашон рў ба фирор (гурезагӣ) оварданд ва дар давлатҳои хориҷӣ паноҳгоҳи сиёсӣ пайдо намуданд. Мисоли ин худи Муҳиддин Кабирӣ, Мирзои Салимпур, Илҳом Ёқубов, Саидюнуси Истаравшанӣ, Мирзоназар Ҳалимов ва дигарон мебошанд. Онҳо оқибат зори хоки Ватан, зори боду ҳавои Ватан мешаванд, зори дидори ёру ошно, , дўсту рафиқони ҷонии худ мешаванд, аммо ин фоида намеорад, чунки онҳо дур аз Ватан ҷон медиҳанд.
Ин хиёнату ватанфурўшии онҳо барояшон кофӣ нест, боз бар замми ин дар хориҷа истода баъзе террористон ва экстремистонро тайёр мекунанд, онҳоро ба муқобили мардуми осоиштаи Тоҷикистон истифода мебаранд, ки ин ҳам як амали нафратовари нобахшиданист. Онҳо чуқур фикр намекунанд, ки Точикистон ватани бобою бобокалонҳояшон, модару модаркалонҳояшон, авлоди бонангу номуси худашон аст. Онҳоро мебояд, ки ин ҷо оянд, ватани аҷдодии худро ободу зебо созанд, то ки гузаштагонашон аз амалҳои некашон шод бошандуруҳу арвоҳи гузаштагонашон ором бихобанд. Онҳо ин чизҳоро тамоман ба инобат намегиранд, чуқуртар фикр намекунанд, чункиарвоҳзадаю оқи падару модар, додару хоҳар мебошанд. Як шоир хуб гуфтааст:
Надорам орзуи умриҷовид,
Ватан бигзор монад ҷовидона.
Ҳамехоҳам ба ту баъди сари ман.
Ватан монад, ватан монад нишона!
Мо – аксари аҳолии Тоҷикистон аз рўи ин байтҳои таъсирбахшу рўҳнавоз амал намуда, бар алайҳи дущманони халқу миллат кор карда, кўшиш менамоем, Тоҷикистон боз ҳам ободу зебо шавад, насли ояндаи мо хуб зиндагонӣ карда, дар ҳаққи ҳамаи мо - ободкорону озодандешон суханҳои неку самимӣ гўянд. Кўшиш дорем, ки насли оянда аз амалкарди мо – имрўзиён шоду мамнун ва фараҳманд бошанд.
Гурўҳи эҷодии рўзномаи донишгоҳии «Нури маърифат»