Изҳороти аъзоёни маҳфили доимоамалкунандаи тарғиботчиёни чавони “Андеша”
Чигунае, ки ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон маълум аст,дар як муддати кутоҳ парда аз рӯйиӣ ҳизби террористии наҳзат ва роҳбарони он гирифта шуд,он ҳама нақшаву ниятҳои бадашон руи об баромад ва ҳатто худи роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва интизораш ҳам набуданд.Албатта ин ҳолат роҳбарони худи ташкилотро аз ҷумла Кабириро бисёр нороҳат кард,чунки ҳамаи нақшаҳи муғризонааш амали нагашт ва мардум чеҳраи аслии уро дид.
Яке аз одамони бонуфуси ин ташкилоти терористи ин М.Кабирӣ мебошад ва тарих исбод намудаааст, ки у аз аввал дастпарвари хоҷагонӣ хориҷиии худ мебошад.Кабирӣ дар овони кудакиаш дар назди уламои гуногун улуми гуногуни исломиро омӯхтааст.Муддате дар совхозхи “Октябр”-ноҳияи Файзобод дар вазифаи иқтисодҷи кор намудааст.У алакай аз соли 1992 сафари худро ба хориҷи кишвар шуру намуда буд,ки аввалинбор ба Яман рафта,беш аз як сол дар онҷо гуё ба сифати коромуз дар Доннишгоҳи ҷумҳуриявии он фаъолият намудааст.Ҳамин тариқ дар хориҷи кишвар кору фаъолият намуда соли 1997 ба Душанбе баргашт ва ба ҳайси ёвари роҳбари ТТЭ ҲНИ буд.Соли 2000 ба ҳайси ҷонишини ТТЭ ҲНИ пешниҳод мешавад.Моҳи сентиябри соли 2006 М.Кабирӣ раиси ин ҳизб интихоб мегардад.Кабир дар интихоботи парламентии моҳи марти соли 2015 бино ба гузориши Комиссияи интихоботӣ ҳизби у райъи мувафиқ ба даст наёвард ва бар парламент роҳ наёф.Дар нимаи моҳи марти 2015 барои табобат ва ширкат дар ҳамоиши конфуросҳои байналмилалӣ ба хориҷ савар кард,ва хушбахтона моҳи июн ба давлати азизамон Тоҷикистон маълумшуд ки як ҷинояткор аст ғайриқонуни ба заминфуруши машғул будааст ва алайҳи у парвандаи ҷинои кушода шуд у аз ошкор шудани ҷинояти худ огоҳ шуда ва берун аз қаламрави кишвар монд.Дар як муддати кутоҳ у ҳамроҳи генерал Абдуҳалим Назарзода ҳамдаст буданашро ошкор намуданд онҳи беш аз 20 гуруҳи хурд мусалаҳ кардаанд,ки мехостан ба истифода аз онҳо оромии Тоҷикистонро барҳам зананд.Аз ин сабаб,алайҳи “саркардагон” и ин гурӯҳ ва “Ҳаммаслакон”-и онҳо бар асоси моддаҳои 187 (ташкили иттиҳодияи ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбат ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда кушода шуд.М.Кабирӣ дар Тоҷикистон ба терроризм ва ташкилоти исёни мусалаҳона айбдор карда мешавад аз кишвар фирор кардаас.
Имруз ба тамоми халқи шарифи Тоҷикистон маълум аст,ки кӣ баду кӣ нек,кӣ хайрхоҳу кӣ шаррхоҳ,кӣ миллатдӯсту кӣ хиёнаткори миллат мебошад.дар ин маврид бояд гуфт Кабирию кабиримонандҳо худ каҷрафтору каҷгуфтор ва хиёнаткору бадрафтор буда оқибад ба завол хоҳанд расид . Зеро дар ҳеҷ марҳилае ҳеҷ миллате ва ҳеҷ кишваре афроди хиёнаткору бадкирдорро намебахшад ва Кабирию ҳамроҳонаш аз ҷумлаи ҳамин қабил одамонанд.