​Эмомалӣ Раҳмон: Ғамхори пиру барнои тоҷик!

Дар Иҷлосияи тақдирсози миллат, ки дар ҳолати ҷангу низоъ дар шаҳри Хуҷанд доир гардид, роҳбаре интихоб шуд, ки аз миёни халқ буд ва ба дардҳои ҷомеа даво бахшида, ҷангро ба итмом расонид.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии мамлакат кори худро бо номи “сулҳ” ва амнияти ба ҳар хонадони тоҷик оғоз бахшида, дар ин роҳ то ҳатто савганди ёд намуд. Аввалин иқдоме, ки Роҳбари давлат даст зад ин баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ аз хоки Афғонистон ба ҳсиоб мерафт. Дар натиҷаи ҷанги хонумонсуз мардумони водии Вахш ва қисмати ҷануби мамлакат барои ҳифзи ҷону моли худ ба муҳоҷирати иҷборӣ руй оварданд, ки зиёда аз 1 миллион нафар шаҳрвандони давлати мо муҳоҷир гаштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуданд, ки то охирин муҳоҷири беватани тоҷик аз хориҷ барнагарда ман худро ором ҳис намекунам, гуфтаанд. Маҳз ҷасорат ва матонати илоҳии Сарвари давлат буд, ки чанд маротиба ба Афғонистон сафар карда масъалаи баргардонидани муҳоҷиронро ҳал намуданд. Аз ҷумла тариқи Радои Тоҷикистон барномаи “Хоки Ватан” таъсис дода шуда буд, ки маҳз ба баргардонидани гурезаҳо равона гардида буд.

Дар шароити кунунӣ аз надонистани аҳкоми дин ва набудани зиракии сиёсӣ бархе аз шаҳрвандони давлати мо аз ин обу ҳавои форами Ватан шукргузорӣ накарда барои иҷрои ба ном амали “ҷиҳодӣ” даст ба сафи ҷангиёни Давлати исломии Ироқу Шом заданд. Тибқи ҳисоботи расмии мақомоти қудратии мамлакат то кунун 1900 нафар шаҳрвандони давлати мо аъзои давлати мазкур гардидаанд ва дар дохили он меҷанганд. Ташвишовар он аст, ки дар байни гумроҳи ватангумкарда ҷавонону наврасон ва занону кудакон кам нестанд. Бархе аз онҳо бо ҳамроҳи аҳли оила ва фарзандони худ ба сафи давлати мазкур шомил гаштаанд. Аз ҷумла тибқи ахбори расмии Вазорати корҳои дохилаи мамлакат зиёда аз 80 кудакони тоҷик падару модари онҳо дар низоъҳои дохилаи Сурия ва Ироқ кушта шудаанд, дар миёни замину осмон қарор доранд. Бо дастур ва дахолати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он кудакони бечораву сарсон монда аз Ироқ баргардонида мешаванд. Ин аз ятимпарварии Пешвои миллат дарак медиҳад, ки кудакони бегуноҳро ба ҳоли худ нагузошта онҳоро ба Ватан баргардонида шуданд.

Ғамхориву ҷонҳисориҳои Сарвари давлатро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд хуб дарк намуда, ба қадру манзалати он бирасанд ва барои поку беолоиш нигоҳ доштани андешаи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ, ҳуввияти миллии наврасон ва ҷавонон беғаразона камари ҳиммат бубандем.

Қурбонов Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ