​Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҳам дӯстанд ва ҳамсояи қадрдонанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ду ҳамсоя бо муносибатҳои самимона ҳастанд, ки аз оғози барқарории равобити дипломатӣ дар таърихи 14-уми январи соли 1993 то имрӯз аз равобити пешрафту муносибе бархурдор ҳастанд.

Усули асосӣ ва самтҳои ҳамкории ду ҷонибро Аҳднома оид ба асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қиризистон, ки 12 июли соли 1996 имзо шудааст ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва муошират, ки 26 майи соли 2004 ба имзо расида буд, инъикос мекунад.

Ҳифзу таъмини суботу амният ва мусоидат ба рушди минбаъдаи равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа аз афзалиятҳои равобити сиёсии ду кишвар мебошад.

Дар зарфи солҳои гузашта мулоқоту дидорҳои сершумори Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваста, дар ҷараёни онҳо масоили рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳамоҳангсозии мавқеи байни давлат оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва масъалаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Ба таври куллӣ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар сатҳи баланду матлуб қарор доранд ва масъулони ҳар ду давлат талош доранд, ки ҳамкориҳои ду кишвар беш аз пеш тавсеа ёбанд. Вале афсус, ки баъзе муноқишаҳои маҳаллӣ, ин дӯстию рафоқати байнидавлатиро халалдор месозад.

«Дар таърихи 22-юми июли соли равон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон, муноқиша сар зад, ки дар натиҷа яроқу аслиҳа истифода шуд»-хабар медиҳад ахбори умум.

Сабаби муноқишаи навбатӣ номаълум буда, аҳолии ин ду давлатро ноором месозад. Аҳли шаҳрвандони ҷумҳурӣ ин рафторро маҳкум менамояд ва тарафдори дустию ҳамкории байни ин ду давлати ҳамсоя бо ҳам дӯст мебошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ