Ҳаволаи бадон ба Худо!
Муносибатҳои ҳуқуқӣ байни мамлакатҳои олам ва байни шаҳрвандон муаммои васеъ аст, ки ба аснодҳои сершумор такя мекунад. Лекин, дар ҳамаи ҳолатҳо мавқеи инсондӯстиву адолат аз ҳама меъёрҳои офаридаи нерӯи ақлии ҷомеа болотар меистад. Ҳар як шахсият давоми умри худ дучори ҳолату воқеаҳои мухталифи бадандешаву беадолатӣ,рӯбинию маккорӣ ва ғайра мешавад, нафароне рафторҳои гуногун мекунанд. Мардуми мусалмонро намунаи олии адолат ва бахшояндагӣ Парвардигори ӯст, ки нишонаю аломатҳои онро дар қалби аксарият мушоҳида кардан мумкин аст.
Ташкилоти террористию экстремистии Наҳзати Исломро аз лаҳзаи пайдоишаш то суқуташ ҳисси кинаю адоват, бадбиниву бадандешӣ, бадрафторию бадгуфторӣ, дасисабозию иғвогароӣ ва садҳо ҷабҳаҳои ношоиста таркиб гирифтааст, ки аз пайравону ҳамкорони Иблис будани онҳо шаҳодат медиҳад. Ин номардони нокас дар обу хоки поки Ватан чашм ба ҳастӣ кушодаву ба воя расидаанд ношукриву носипосиро ба худ бо даъвати хоҷагони хориҷиашон пеша кардаанд, ки аз нонкӯру бадахлоқӣ ва бандаи нафси бало будани онон дарак аст. Муғризию амалҳои ношоистаи инсонии наҳзатиёнро таърихи зиёда аз 30 солаи онҳо собит сохтааст, ки ин нафарони бадзот лӯхтаку зочаи дасти дигаронанд. Душманони Тоҷикистони азизам, ки кишвари биҳиштосо, ободу осуда, зебоманзару кони сарватҳост, доимо мехостанд, ки дар ғасби ин диёри худодод бошанд , вале, аз амали мардонаи рӯиростӣ дар ҳаросу тарс буданд. Онон, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрону мамлакатҳои дигари хориҷӣ маскун гирифтаанд, то ҳол аз ғаразҳои худ даст накашидаанд ва ҳамчун лӯхтакбоз барои бозиҳои сиёсии худ зочаҳои нав мекобанд, ки аъзои наҳзатиён мисоли аққоли ӯст.
Танҳо нафари нобинову нокас, иблисиву ифротӣ нисбати сарзамини аҷдодии хеш адовату бадбиниро раво медонад ва аз амалҳои худ дар ин ҷода чун шайтони маккор ифтихор менамояд. Кибри Кабириву думравони ӯ на аз чизи дигар ва танҳо аз маблағҳои хоҷагони лӯхтакбозашон асту тӯҳматҳои нопокашонро ин лӯхтакиён чун ватандӯстӣ арзёбӣ мекунанд.
Заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми Тоҷикистон, ки таҳти сарварии роҳбарияти олии кишвар давоми даврони Истиқлолияти давлатӣ мамлакати харобазору валангорро ба диёри сарсабзу обод, осудаҳолу рӯ ба рушд мубаддал сохтаро на ҳар мард дида метавонад. Худ қазоват кунед, барои эътидоли вазъият ва таъмини сулҳу субот роҳбарияти олии кишвар ба мухолифини наҳзатӣ чӣ гузаштҳое кард ва аз онони ифротӣ чӣ дид!?Нафароне, ки чун аъзои мухолифин бо лимити 30 фоиза соҳиби мансабу вазифа шуданд, аксаран бесаводу бадахлоқ буданд, ки мансабро чун манбаи даромади муфту айшу сафо шумориданд. Ин нафарони нокас, ки соҳиби вазифа буданд, барои Ватани худ чӣ хизмати шоиста карданд? Барои онон ватангадоиву хоҷаи бегонапарастӣ, сарсониву парешонӣ ҷазои муносиб аз Оллоҳ асту то ҳанӯз дарк накардаанд!?
Барои мардуми бо ору номус, ватандӯсту одил, оқилу заҳматкаши Тоҷикистон судбозӣ кардан бо ифротиён дар мақомоти байналмиллалӣ амали шоиста нест. Муттаҳидиву сарҷамъӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, кидар ҷомеаи Тоҷикистон ҳукмфармост, худ муборизаи беамон бар зидди нокасони наҳзатӣ аст. Ҳамватанони азизу тамаддунофари худро даъват менамоям, ки дар заминаи ғояҳои инсондӯстонаи роҳбарияти олии кишвар якдилу яктан бошем ва якҷоя нерӯи ақлию ҷисмонии худро барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони биҳиштосо сарф намоем!!!!!
Собиров М.С. - мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент