Ҳодисаи нохуш дар сарҳад
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт
Дар ҳадис омадааст: “Масалил ахайни масалил ядайн”, яъне бародарон мисли ду дастанд, ки якдигарро мешӯянд. Ин ташбеҳи бузург дар масъалаи бародарӣ ва дӯстист, ки ҳазорон каломи дорои арзиши воло аз ҷониби бузургон дар ин мазмун гуфта шудааст. Дӯстию бародарӣ бузургтарин ойинест, ки дар тӯли қарнҳо метавонад таъсири бузург ва мусбатро дар ҳаёти моддию маънавӣ ва маданию фарҳангӣ ба бор биёрад. Бешубҳа, дӯстӣ боиси ба вуҷуд омадани як қатор осори илмию адабӣ мегардад, ки дар тӯли қарнҳо дарси ибрат аст.
Аз қадим расми халқи мо дӯстию муросо, садоқат, меҳнату созандагӣ ва бунёдкорист. Табиати мо моил ба сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату якдигарфаҳмист.
Ҳоло ба қадри ин тинҷиву осоиштагӣ нарасида, бегоҳии 16 – умисентябр тақрибан соатҳои 18:15 ё 18:20 аз ҷониби сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон тирпарронӣ оғоз гардида, дар натиҷа се нафар марзбонони тоҷик ба ҳалокат расидаанд. Ҷавобан ба ин амал аз ҷониби марзбонони тоҷик низ оташ кушода шуд. Тирпаронӣ тақрибан 1,5 соат идома ёфта, ба хонаҳои истиқоматии чандин бошандагони маҳаллаи Баҳор зарари ҷиддӣ расонида шудааст.
Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор хамеша ба чазои Офаридгори бузург сазовор хохад буд
Онҳо бояд фикр мекарданд, ки “Мо ҷумҳуриҳои ҳамсоя, набояд масъаларо ин тавр ҳал накунем”.Дар урфият мегӯянд:“Ҳамсоя баҳаққи худ баробар”, “Аз хеши дур, ҳамсояи наздик беҳтар аст”.
Ҳар гуна баҳсҳорометавон бо роҳи сулҳомез ҳал кард, на ин ки бо ёрии яроқу аслиҳа ва ба қатл расонидани халқи бегуноҳ. Охир якбора бе огоҳӣ тирпаррониро оғоз намудани сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистонамали нодуруст аст.
Мафҳуми зишт, нохуб ва норавост дар тамоми давру замонҳо ҳамчун амали ношоиста, носазо ва номатлуб дониста мешавад. Бадӣ чун фасоду зиён танҳо ва танҳо зиштиву нооромӣ падид меорад, зеро ин амал хоси ҳайвоноту даррандаҳо ва ҳашароти зараррасон аст, ки онҳоро табиат чунин офаридааст. Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхохӣ бошад. Хамеша бар он чаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ гузорад, то зинданом бошад.
Бад макун, ки бад афтӣ,
Чоҳ макан, ки худ афтӣ.
Албатта, бадкарда рузе сазовори ҷазои бад ва накукорон ба қадри заҳмати беандозаашон сазовори ҳаёти хушу гуворо, фарзандони солиму поктинат ва обрую манзалати бузург хоҳанд гашт.
Љомеаи кафедраи алгебра ва геометрия