Ҳимоятгари Ватанем....

Ташаккул ва тараққиёти ҳар давлату миллатро аз наслҳои ояндаи онвобаста донистан кафили шукуфоӣ ва осоиштагӣ мебошад. Аммо шароити имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли моро бархе аз гурӯҳҳои тундраву ифротгаро халалдор сохта истодааст. Алахусус гурӯҳҳое, ки аъзоёни онро наврасону ҷавонон ва нафароне, ки аз тинҷиву осоиштагии давлату миллати хеш ношукрӣ доранд.Чунин рафтори ин гуна нафарон собит месозад, ки онҳо аз илму дониш, тарақиёту пешрафти замони муосирбархӯрдор нестанд.Ин гуна муносибат собит мекунад, кинаврасону ҷавонон бо илму маърифат ва рушди ҷамъияти демократӣ ҳамқадам нестанд. Аз ин рӯ, муносибатҳои ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан рӯз аз рӯз зиёд шуда истода, ҳаёти осоиштаи мардумро нороҳам месозад. Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Ин ҷост, ки мо ҷавонони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ободии ватани худ кӯшиш намоем ва ҳамқадами замона бошему ҳар хоину ватанфурӯше, ки баҳри халалдорсозии ҷомеа мекӯшад бо суханону амали ҳимоявӣ Ватани азизро чун сипар ҳифз намоем. Зеро танҳо ҷавонони саодатманди кишвар ва бомаърифат сипари боэътимоди Ватан ҳастем!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ