Ҷавонон бояд зираку ҳушёр бошанд
Суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш, ки дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт мо аҳли илму маърифат ва хоса тамоми мардуми тоҷикро бори дигар ба гиромидошти сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ раҳнамоӣ мекунад.
Албатта мардуми саодатманди тоҷик дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз оқибатҳои фоҷиабори ин ҷанги таҳмилӣ бахубӣ огаҳӣ дорем. Дар ҳақиқат бори дигар аз хиёнату туҳмат ва нақшаву ниятҳои нопоки хоинони миллати тоҷик ба монанди аъзоёни ташкилоти эксремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом бори дигар огаҳ гардидем. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: “ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон менамоям, ки иддае аз хоинони миллати тоҷик ва бадхоҳони давлати мо то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои харобиоварашон даст накашидаанд ва дар хориҷи кишвар бо кумаки хоҷаҳои берунии худ ба тӯҳматсозӣ ва дурӯғбофиву дасисабозӣ идома дода истодаанд”.
Ин ҳушдори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дар симои омӯзгорону донишҷӯён ва аҳли илму маърифат кулли ҳамшаҳриёни азизро водор месозад, ки аз гузаштаи талхи таърих сабақ гирифта, нагузорем, ки хоинони миллат дигарбора теша ба решаи миллат зананд.
Фарзона Сатторова, омӯзгори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров