​Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

Бояд қайд кард, ки ҲНИ имрўз худро њамчун идомаи њаракати босмачигарӣ дар Тоҷикистон меномад. Босмачиён дар кати сиёҳи худ аз хизмати имомхатиб ва муллоёни ифротгаро ба таври густурда кор мегирифтанд. Босмачиёни оянда аъзои Шӯрои исломия буданд, ки рӯзона ба бозорҳодаромада, молу мулки мардумро тороҷ мекарданд ва шаб ба хонаи раъият даромада, даст ба таҷовуз мезаданд. Босмачиён дар саросари Осиёи Миёна на танҳо одамони бо ҳокимиятишӯравии сотсиалисти ҳамкорӣ доштаро таъқиб мекарданд, балкимактабҳои сохти нав ва занонифаранҷӣ аз сар партофтаро ба қатл мерасонданд, ба тороҷкориютаҷовуз машғул буданд.

Роҳбарои ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ барои дар пинҳони нигоҳ доштани чеҳраҳои ҳақиқиашон ва аз хеш тарошидани муборизони роҳи рост, дар навбати нахуст номҳоеро тамғаи худ месозанд, ки ишора ба пуштибонӣ аз миллат, демократия, дин ва дигар арзишҳои инсонсозии одамон дошта бошад. Наҳзатиён бо ин корҳо хешро давомдиҳандагони ҳаракати озодихоҳони босмачиёни унвонгузорӣ карданд.

Аммо, шахси боақл таклифҳои онҳоро ба як пули сиёҳ ҳам намехарад. Хоҷаҳои хориҷиён онҳоро дар бағали худ гирифта ба гуфтори бепояашон зоҳиран боварӣ нишон медиҳанд, дар амал нодуруст аст. Сарварони ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ аз шабакаҳои фейсбук, интернет ва ғайра истифода бурда, дар намуди ҳаракати босмачиён бар зидди ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар мубориза мебаранд ва дубора ба шеваи кӯҳнаи ҷаҳолати асримиёнагӣ бозмегардони мехоҳанд. Аммо халқи тоҷик хушёриро аз даст надодааст ва бо фаъолияти созандагию ташаббускори машғул буда. ба ташвиқоти «босмачиёни замони муосир» - ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд, дигар ба бетартибию вайронкориҳои босмачиёниҲНИ роҳ намедиҳанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ