​Изҳорот оид ба номаи сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА

Номаи сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА, ки 6 январи соли равон соати 09:07 дақиқа тавассути сомонаи оҷонсии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” тариқи интернет омода ва пахш гардид, БУҚАЛАМУН номгӯзорӣ гашта, дар бораи боз як тамаллуқ ва риёкории роҳбари наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ ҳикоят мекунад. Муаллиф дар аввал соли пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон будани соли 2018 гуфта, бисёр ободкорию созандагиҳо рӯи кор омаданаш, бо ташаббус ва таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди таърихӣ дар арсаи чаҳон амалӣ гашта, иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба фаъолият шурӯъ кардаш нақл карда истода, менависад, ки дар ин сол Ин рӯзи муборак, ба кор даромадани агергати якумро тамоми давлатҳо, ташкилотҳои бонуфузи дунё ва инсонҳои бузурги олам барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик муборакбод гуфтанд, аммо менависад Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА “хоинони миллат ангушти ҳайрат газиданд”. Дар ин замина матни муборакбодии соли нави мелодии роҳбари ТЭТ-и ҲНИ Муҳиддин Кабириро дар Фейсбук “дар назди аврупоиён як тамаллуқ, чоплусӣ ва риёкорӣ асту халос” гӯён баҳогузорӣ кардааст. Табрикоти солинавии Кабириро муаллиф рафотори “бӯкаламун”-она номидааст.

Воқеан, исломиён соли нави мелодиро ҳаром ва табрикоти онро маҳкум мекарданду чӣ шуд, ки имрӯз хилофи ақидаи худ амал мекунад. Андешаи Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА оиди чоплусии наҳзатиён дар маврид дуруст аст.

Комилов К. кафедраи журналистика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ