​Илҳом Ёқубов аъзои фаъоли гурӯҳи террористӣ-экстремистии ҲНИ

Шуруъ аз 30 сентябри соли 2015 собиқ ҲНИТ аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардид ва он беасос набуд, зеро кулли аъзоёни гурӯҳи мазкур солҳои охир бо истифода аз дини Ислом мехостанд мардумро гумроҳ намуда, ба мақсадҳои ғаразноки худ бирасанд. Баъди воқеаи моҳи сентябр аксари фаъолони гурӯҳи террористӣ-экстремистии ҲНИ дастгир карда шуданд ва мувофиқи гуноҳҳои содиркардаашон ҷазо дода шуданд. Лекин мутаасифона,ба баъзе аз фаъолони ҲНИ муяссар гашт, аз кишвар фирор кунанд, то ки фаъолияти ғайриинсонии худро дар хориҷи кишвар идома диҳанд. Яке аз чунин фаъолоне, ки зидди ҳукумати конститутсионӣ баромад мекунанд, Илҳом Ёқубов аст.

Ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша И. Ёқубов худро гӯё ҷонибдори ташкили давлати воқеан демократӣ вонамуд карда, аз масъалаҳои гуногун вале аз ҳақиқат дур сухан ронд. Баъд аз иштирок дар конфронсе, ки дар Варшава баргузор гардид, дар филми яке аз ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба ном “Human Rights Watch” иштирок намуда, норозигии худро оид ба фаъолияти ҳукумат баён кард. Мақсади асосии ин гуна одамҳо ва гурӯҳҳо ба ҳамагон маълум аст. Онҳо мехоҳанд худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун гурӯҳи озодихоҳи тарафдори ташаккули давлати воқеан демократӣ вонамуд кунанд, ки барои ғасби ҳокимияти давлатӣ оварда расонад.

Лекин мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ рӯзҳои вазнинро, ки сабабгори асосиаш аксари аъзоёни фаъоли ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ буд, аз сар гузарониданд. Сониян бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам мардуми соҳибфарҳанги он - таъмини сулҳу субот ва амният дар Тоҷикистон аст, ки дар оянда боз ҳам барои рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.

Аз ин лиҳоз, мо, мардуми кишвар аз ҳамин гуна ашхос ва гурӯҳҳои ғаразноку манфиатҷӯ худро канор гирифта, аз онҳо даъват ба амал меорем, ки барои манфиати худ шуда давлат ва миллати худро ба сӯи нотинҷиву нооромӣ ҳидоят накунанд.Мо ҷавонони давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат Президенти ҷумҳурии азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ба хоинони давлату миллат имконияти аз байн бурдани ваҲдати миллӣ ва истиқлолияти давлатиро нахоҲем дод.

Бердишукуров А. - мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ