Терроризм – хатари ҷаҳон
Бад макун, ки бад афтӣ,
Чоҳ макан, кӣ худ афтӣ.
Инсоният чун бандаи хокии ҷаҳони гузарон бояд хоси хислатҳои ба худ хос, аз қабили одаму одамгарӣ, некию накӯкорӣ ва саховатмандию хайрхоҳӣ бошад. Ҳамеша бар он ҷаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб, манфиатдору хайрхоҳона даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад, ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ монад, то зинданом бошад.
Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор ҳамеша ба ҷазои Офаридгори бузург сазовор хоҳад буд. Терроризм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мебошад, муайян карда шудааст. Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҷавонон, ки яке аз қишри осебпазири ҷомеа ба ҳисоб мераванд ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Ҳамин тариқ, ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гуруҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба ҷиҳод ва ҷанг даъват менамоянд.
Мо устодон ҳамарӯза ва ба хусус дар соатҳои тарбиявӣ доир ба мавзӯи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣдарсҳои назариявӣ гузаронида, ба роҳҳои ифротгароӣ роҳгумнашудани ҷавонон ва шомил нашудани онҳо ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ тарғибот мебарем.
Оқибатҳои бади ин равияро таҳлил намуда, тариқи сӯҳбатҳои озод ба донишҷӯён фаҳмонида ба зиракии сиёсӣ тарбия менамоем, то ки онҳо таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат амал намуда, баҳри ободии ватани азизамон Тоҷикистон саъю кӯшиш намоянд.
Мадаминова Н.Т., сармуаллимаи кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит
Қурбонова Ш.Х., Шарипова М.М., муаллимони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит