Партави некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст…

Пас аз тўлуи офтоби сафобахши Истиқлолият дар зиндагии мардуми тоҷик, умуман тоҷикистониён саҳифаи тозае боз гардид ва ин санаи муборак дар китоби таърихи миллат бо ҳуруфи заррин навишта мешавад. Метавон гуфт, ки ин озодии сиёсиву давлатиро, ки ҳазорсолаҳо инҷониб миллати тоҷик орзуяшро дошт, бо хушнудии зиёд истиқбол гардид ва онро чун атои Худованд ва ҳадияи беназири тақдир муқаддас мешуморанд. Зеро ин миллати «ҷабри таърихдида», ки «пас аз Сомониён сомон надид» заҳри бедавлатӣ чашида, азоби мустамиликаро кашида ва медонад, ки озодона зистан ва соҳибистиқлол будан чиқадар арзишманд аст. Ҳар касе, ки ақли солим дорад нисбат ба ин неъмати бебаҳо, яъне Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиром қоил аст ва ба қадри ҳар нафаси озод расида, шукр бар он мекунад, ки ин ҳадия насиби миллати тоҷик гардид.Воқеан имрўз мардуми сарбаланди кишвар бо ақли комили худ ин ҳақиқати бебаҳсро дарк кардаанд ва онро пос доштаву эҳтиром намуда, чун гавҳараки чашми хеш ҳифз месозанд. Аммо мутаассифона, чунонки мегўянд, кўрнамакону носипосон дар ҳар давру замон буданду имрўз низ ҳастанд ва ақли сақиму ботини тираи эшон намегузорад, ки зиндагии шоистаи мардум, пешрафту тараққии Тоҷикистони ҳамешасабз ва дастоварду комёбиҳоро бубинанд. Зеро ин тоифаи худбехабару худобехабар чи будани амнияту осоиштагиро намедонанд ва дар рўҳияе тарбия ёфта, ба воя расиданд, ки озори мардум, барҳам задани субот ва ноором сохтани кишвар асоси зиндагии онҳо мебошад. Далели ин гуфтаҳо рафтору кирдори ноҷавонмардонаи аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад, ки дар хориҷ истода, мехоҳанд авзои кишварро ноором созанд.Он нафароне, ки зодаи ин хоку бум, парвардаи ин кишвари биҳиштӣ ва солиёни дароз ҳавои тозаи ин сарзаминро нафас гирифта, нони ин ватанро хўрда, ҷои шукру сипос намудан хостанд ноҷавонмардона давлати азизаморо сарнагун созанд. Дардовар он аст, ки ин хоини ватан ва зидди инсонияту душмани халқ бо ҳаммаслакону пайравони худ боре андеша накарданд, ки доштани ин ҳама зиндагии шоиста, ҷамъ намудани молу сарват барои фароѓати худ маҳз дар ин кишвар имкон пазир гардидааст, на ҷои дигар. Пас намак хўрдаву намокдонро шикастан магар оини ҷавонмардист?! На, ҳаргиз! Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ин бехирадиву кўрнамакӣ ва носипосиву аъмоли ѓайриҷавонмардонаро намебахшад ва рафтори ин тоифаро ҳамеша маҳкум менамояд. Дигар фурсати он расидааст, ки мо дар пайравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зиракии сиёсиро аз даст надода, нагузорем, ки ин тоифа мардум суботу оримиши ватани азизамонро барҳам зананд ва ин сарзамини офтобиро барои худу пайравонашон Сурияи дувум созанд. Фурсати он расидааст, ки мо паҳлуи ҳам истода ин ватанро ба меҳру муҳаббат обод намоем ва нагузорем, ки нопокдилону бадандешон андешаҳои пурѓарази хешро дар ин сарзамини биҳиштӣ амалӣ озанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ