Саге, ки тӯъмаи ӯ устухон аст…
Мо имрӯз дар ҷомеае зиндагӣ карда истодаем, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафсуни сиёсии ҷаҳон ва тащйиру таҳаввулоти босуръати он, то рафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ыарор дорад, бинобар инҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро овардааст. Дар ин раванд таъмини амният , сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони соҳибистиылолӣ,пешрафти босуботи иытисоди миллӣ, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навгониҳои илму техника, дарки масъалаҳои афзалиятдоштаи пешрафти мамлакат ва ҳалли сариваытии онҳо аз ҳар яки мо масъулияти дучандро талаб менамояд.
Инчунин ташаккул додан ва истифодаи босамараи нерӯи инсонӣ,ҳалли масоили иҷтимоӣ, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ниҳоят дастёбӣ ба сатҳу сифати шоистаи зиндагӣ барои сокинон аз ыабили масъалаҳои аввалиндараҷае мебошанд,ки ҷиҳати иҷрои онто бояд тамоми сохтори маыомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеа якҷоя ва аҳлона азму талош намоянд. Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иыдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиылолият, таывияти иытидори иытисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон ыарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халы ва давлати Тоҷикистон содиыонаву софдилона иҷро намоем.
Мо ҷавонон,ки ояндаи мамлакатем вазифадор ҳастем,ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Раҳимов Абдураҳмон