Амнияти миллӣ ва мафкураи миллӣ
Мусаллам аст, ки халқи тоҷик ҳамчун яке аз нажодҳои қадими ориёӣ аз оғоз андешапарвар будааст. Нахустин ва қадимтарин ёдгории азими динию фалсафӣ ва фарҳангии аҷдоди кабири тоҷикон «Авасто» (асри III) маҳсуб меёбад, ки аҳамияти хешро то ба имрўз гумм накардааст.
Андешаи миллии тоҷик дар заминаи осори арзишманди уламо, удабо ва маорифпарварони тоҷик такмилу густариш ёфта, дар дарозои таърих ўро мутафаккир ва андешаманд кардаанд. Андешаҳои миллии тоҷикон, қабл аз ҳама, дар адабиёти бадеӣ, кутубҳои динӣ ва ахлоқӣ ифода ёфтанд. Мутолиаи асарҳои бадеӣ, динӣ ва ахлоқӣ тафаккури халқро вусъатдод. Халқимо ба китоб ва сухани китобӣ бовардошт, - навишта буд академи М.Шакурӣ, - ҳамазиндагиашро аз рўи китоб тартиб медод, шинохти моҳияти худ, шинохти мавқеи худ дар дунё, ҷаҳонбинии ў бо ёрии китоб суратмегирифт».
Феълан дар замони ҷаҳонишавӣ низ давлату Ҳукумат дар фикри баланд бардоштани маърифати халқ аст. Ҳукумати ҶТ талош меварзад, то мардум аз неъматҳои маънавӣ бештар баҳра бардоранд.
Лозим ба ёдоварист, ки муҳимтар инолотии фодаи андешаи миллӣ забон буду ҳаст. Маҳз забон аст, ки андешаҳоро комилу рўшан ва мубаррову мунаввар сохта, амну амниятро по барҷо нигоҳ медорад.
Бародарӣ ва баробарӣ шарти муҳими ба даст овардани хушбахтии аҳли башараст. Иттиҳоди иҷтимоӣ – сиёсӣ сабаби ҳастӣ, рушду камол ва тараққиёти халқу мамлакат башумор меояд ва амнияти онро кафолат медиҳад.
Тибқи ақидаи донишмандон дар дунё ҳеҷ қавме нест, ки толиби саодат ва иззат набошад. Саодат ва кадру манзалати ҳар миллат вобаста бароҳат ва интизоми дохилии он миллат аст. Сифатҳои шоистаи инсон ва покизагии ахлоқи инсон боиси обрўю эътибор ва симои дурахшони маънавии миллатмаҳсуб меёбад.
Инсонпарварӣ, ки аз сифатҳои умдаи башар ба ҳисоб меравад, андешаи миллиро фаро мегирад ва моҳият анҷамъ басти ақидаҳои инсондўстии мардум эътироф гашта, калиди меҳварии сулҳу суботу амният аст. Одам ва одамият аз нигоҳи уламову удабо шоистагии зиёдеро ба худ касб кардааст. Дар ин радиф шоири маориф парвари тоҷик Тошхоҷаи Асирӣ мефармояд:
Одамият чист? – Худродур аз шаррдоштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан.
Шароити мураккаби ҷаҳон ва амалиётҳои номатлуби давр, ба зуҳуромадани ҷараёнҳои тезу тунди ифротгаро моро водор месозад, такя ба мероси ғании аҷдодӣ карда, василаҳои нави амният роҷустуҷў намоем. Аққалан аз оилаи хеш тадбирҳои судмандро оғоз намоем. Масалан, амали хайре – табассуму навозишро баҳри фарзандони хешарзонӣ дорем. Ё ба хизмати халқ сарфкардани умр, ки шоистатарин амалии нсонист камари ҳиммат бубандем:
Чун моҳ ба авҷи комронӣ,
Бар рўи ҷаҳон зиёфишонӣ.
Чун боғ ба вақти навбаҳорон,
Бикшой дили ҳазини ёрон.
Чун сарвагар самар надорӣ,
Аз сояи худ бубахш боре…
Дар муддати бисту шаш соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон мактабҳо, гимназияҳо, литсейҳо, донишгоҳҳои олии гуногун соҳабунёд ёфтанд ва ба фаъолият шурўъ намуданд ва шогирдони қобилиятноку баландихтисосҳоро тарбия мекунанд, ки ин аз хидматҳои шоёни давлату ҳукумат бо сарвари Президенти ҶТ «дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2011) падидаи матлуби ғамхории давлат дар роҳи ба хидмати халқу Ватан ва сулҳу амният омода кардани фарзандон ба шумор меояд, дигар тадбирҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар замони аҳамияти давлатӣ пайдо мекунанд ва барои амну амнияти миллати тоҷик пайваста истифода мешаванд.
Амнияти милли кишвар аз нерўи зеҳнӣ ва сиёсии ҷавонон маншаъ мегирад. Маҳз ҷавонони бунёдкору созанда метавонанд парчамбардорони асили мамлакати хеш бошанд ва шарафу номуси меҳани азизро ҳифзби кунанд. Дар ин маврид метавонад мафкураи миллии халқи мо, ки решаашба дуриҳои дур меравад нақши бориз дошта бошад.Махсусан маърифати маънии ҳаёт муқаддасоти оила, ҳифзи он метавонад дар таъмини амнияти кишвар саҳми арзанда бозад. Зеро решаи ин маърифатромуҳаббат, раҳму шафқат ва агар азаз назари дин бигирем силаи раҳмташкил мекунад. Инсоне, ки дорои ин сифатҳои олии инсонист ҳамзамон ӯ Ватанро, дороиҳои он, марзу бум ва мардуми онро дӯст медорад.Ба иборати дигар гӯем ҷавҳари мафкураи миллии моро меҳр ва садоқат ташкил менамояд. МуҳаббатбаВатан, ба кишварибиҳиштосо, ба давлату давлатдорӣ, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар дилҳои мардум реша рондааст, маҳз ҳамин тафаккури деринаи инсонпарварона сарчашма мегирад ва он рукни муҳими пойдории миллат ва давлат мебошад.
Беэътиноӣ ба тафаккури миллӣ ва андешаҳои ниёгон ки аз ҷониби баъзе аз ҷавонони кишвар ба назар мерасад метавонад оқибатҳои ногуворро ба бор орад.. Он ҷавонноне, ки то имрӯз бинобар бехабариву беэътиноӣ ба доми душманони Ватан афтоданд ва аъзои ин ё он ҳизбиғайриқонунӣ ва экстримистӣ гардиданд маҳз аз бардошти нодуруст аз равандҳои ҷомеа ва тақлиду таассуб ба мафкураи бегона ба ин бало гирифтор шуданд.Мебинем,ки ин беэътиноӣ ва бехабарӣ чи қадар ҳодисаҳои нохушро эҷод кард.
Бетарафӣ ва бемасъулиятӣ дар самти амнияти миллӣ моро ҳушдор месозад, киҳушёрӣ, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар баробари рушди илм, маориф, технологияи муосир, ҳунар ва санъати асил дарку фаҳмиши дурусти мафкураи ниёгон, дарки масъулияти худшиносӣ метавонад пеши роҳи падидаҳои номатлубро, гирад, ки то ба сулҳу суботи сиёсӣ ва амнияти мо халал ворид накунанд. Инак
1. Амнияти кишвар аз тарбияи фардии ҳар як инсон оғоз мешавад ва меҳвариарзишҳои инсонии ӯро шоиста аст дороиҳои маънавии гузаштагони сарбаланди мо аз қабили муҳаббат ба оила ва инсонҳо,меҳр ба Ватанва марзу буми обоӣ.
2.Пайванд додани донишҳои муосир бо донишҳои суннатӣ , ки дар заминаи ҳамоно “ пиндори нек,гуфтори нек ва кирдори нек” меистад.
3. Ба ҳар як падидаи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ баҳои ҳаққонӣ додан ва арзиши онро дар ченаки манфиати мардум дидан ва осоиштагиву тинҷиро мукофоти беҳтарин зиндагӣ шуморидан. Зеро ҳар ҷоесулҳуамниятҳаст, он ҷоободивуозодӣ, андешаи солим ва гиро ҳукмфармост.
Баҳриев Ф, Раҷабова С