Суханронии Пешвои муаззами миллат ба ифтихори Рӯзи дониш
Шукри соҳибистиқлолии кишвар ва фароҳам будани шароити мусоиди давлатамон аст, ки мо ҳамасола барои додани илм кошонаҳои илму дониш, маърифатро барои илмомӯзону толибилмон санаи 1 сентябр воз мекунем.
Имсол дар саросари ҷаҳон Рӯзи дониш ба рӯзи якшанбе рост омада тамоми муассисаҳои таълимӣ корро аз гузаронидани Дарси сулҳ оғоз намуданд. Дарси сулҳ дар кишвари азизи мосоли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баромади пурмӯҳтавои сарвари давлатамон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд. Чи хеле, ки аз баромадҳои президент бармеояд мардуми сулҳофари мо ҳамеша хостори сулҳ ва оромӣ буда инро муҳимтарин омили рушди ҷомеа мепиндоранд. Сулҳи саодатофари мо ва ҷашнгирии солгарди 28 - умини Истиқлолияти давлатӣ маҳз натиҷаҳои заҳматҳои пурсамари Пешвои миллат мебошад, ки кӯшиш менамоянд тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро рушду вусъат дода, барои замина гузоштан ва ноил шудан ба ин ҳадафҳоафзалиятноктарин самт соҳаи маорифро пеш мегузоранд.
Аз гуфтаҳои сарвари давлатамон бармеояд, ки модар, миллат, фарҳанги муқаддаси Ватан, таърих, забон арзиши гарон дошта бо ҳеҷ чиз ивазнашавандаанд. Дар такя ба гуфтаҳои сарварамон ёдовар мешавем, ки сарҷамъона бо дастгирии мардуми сулҳдӯсту таҳаммулпазир, ҳамдигарфаҳм мо ваҳдати миллиро ба даст овардем. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззам ва гуфтаҳои пурмаъно: “Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, ах худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо – наслҳои замони истиқлолият мебошад”мо пайкору зиндагии худро бо заҳмату талошҳои бештар давом дода кӯшиш менамоем, ки камбудиву мушкилотҳои ҷойдоштаро бартараф сохта, Ватани худро обод кунем, миллат, забон, ҳуввияту ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо ҳифз намуда чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.
Дар партави гуфтаҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш ва бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, ободиву пешрафти ватани азизамон мо кору фаъолият намуда ақидҳои хирадмандона, суханрониҳои пурмазмуни сарвари давлатамонро сармашқи худ намуда дар фаъолияти пурсамари меҳнатӣ таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон пурсамар истифода мебарем.