​Шахси бадгуфторро теғи забонаш мекушад

Воқеан ҳам баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти сиёсӣ ва эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ин имкон медиҳад, ки дар арсаи ҷаҳони нақш ва нуфузи ҳудро пайдокарда тавонад. Имрузҳо бо зањмату талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имруз кишвари мо яке аз кишварҳои зеботарин ва писандидатарини тамоми кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Имруз боиси хушбахтист, ки санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва бо заҳмату талошҳои шаҳрвандони меҳанпараст имруз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 150 кишварҳои ҷаҳон бо расмият шинохт ва муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро ба роҳ мондааст. Имрузҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад ва ин далолат аз он аст, ки имрузҳо Тоҷикистон низ аз муаммоҳои глобали ҷаҳонӣ беътараф нест. Инчунин бо пешниҳодиАсосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидани яке аз проблемаҳои глобалӣ, ки имруз ҷаҳонро ба ларза меандозад ва боиси саргардонию фавти зиёди одамон ва гумроҳи занону кудакони ноболиғ сабаб гардидааст, ки ин гуруҳҳои иғвоангез, терроризм ва экстремизм мебошад. Аввалин маротиба соли1992 дар созмони бонуфузи байналҳалқӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Созмони Миллали Муттаҳид баромад намуда дарбораи хавфу хатаре, ки имруз терроризм, ки худ мафҳуми “тарсу ваҳм, куштан ҳаракати ваҳшиёнаро” дорад баромад намуданд. Лекин ҷомеаи ҷаҳони ин иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эътироф накарданд аз сабаби он, ки дар ҳамон вақт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфта буд. Дере нагузашта соли 2001 дар ду шаҳри калонтарини ИМА таркиши ду бинои баландошёна аз тарафи террористон боиси марги зиёди шаҳрвандон гардид ва баъд огоҳи пайдо карданд, ки терроризм чи қадар хавф дорад ба кишварҳои ҷаҳон. Дар ҳақиқат имруз ҷангҳои хунине, ки боиси марг ва фирори миллион-миллион нафар ба кишварҳои дигар аз кишварҳои Сурия, Ироқ, Яман ва Афғонистон боиси ташвишоварист зеро, ки дар вақташ ин давлатҳо аз ҳама ҷиҳат яке аз давлатҳои пешрафта ба ҳисоб мерафтанд, акнун чи имруз ба як кишвари харобиовар табдил ёфтааст, ки ин ҳамаш оқибати кирдори ношоями гуруҳҳои ба ном давлати Исломи мебошад.

Бояд қайд кард, ки яке аз хабарнигори хориҷӣ, ки Мирзои Салимпур ном дорад дар хориҷи мамлакат истода мехоҳад имруз сиёсати давлатро барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёҳ кунанд. Хостааст, ки имруз ки яке аз сохтори асоси сутунпояи асоси давлат, ки ин сохтор Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мебошад суханони қабеҳу фитнаангезро паҳн кунанд. Бигузор Шумо он чи ки мехоҳед бигӯед лекин як чизро ҳариз фаромуш накунед, ки шахрвандони ин миллат ҷон дар тан дорад намегузорад, ки бар хонадони он “оташ” зананд имруз соябони ин давлат, ки Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сари хокимияти давлатӣ қарор доранд намегузоранд, ки ба пои шаҳрвандони ин кишвар “Хор” зананд. Ба хотир оред воқеҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро дар чи њолат қарор доштем ин марди Худо сабаб гардид, ки кишвари парокандашудаистода сарҷам гардад. Зиёда як миллион нафар гурезагон ба Ватан бар гардонида шуд. Магар ин қаҳрамони нест. Имруз шаҳрвандони кишвар сиёҳро аз сафед ҷудо карда метавонанд. Ва имруз ҷавононе, ки зодаи истиқлолият ҳастанд ва пайрави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад намегузоранд, ки ниятҳои нопоки худро амалӣ гардонед.

Имруз ҳамаи шумо бозичаи шахсони “абарқудрат” ҳастед. Мисоли одди бози шохмот дар ҳамин бози яке шоҳ мешавад дигаре мот, тири Шумо алакай бар хок бархӯрд, қувваи некӣ аз болои баъди ғалаба кард ва имруз шоҳ дар ҷамъият мартабаи худро ёфт ва ғолиби ана ҳамин бозӣ гардид, ҳеҷ гоҳ пиёди танҳо шоҳ шуда шоҳро мот карда наметавонанд. Бинобар ҳамин роҳе, ки шумо интихоб кардаед охир надорад, ин умри ду рузае ки доред бо хурсанди гузаронедва мо имруз ҷавонони далеру шуҷои мамлакат намегузорем, ки дар дили мо низоъ андозед.

Инчунин ин шахс Мирзои Салимпур қайдкардааст, ки шахсоне, ки нисбати кирдорҳои ғайриқонунӣ ва амалҳои нопоке, ки имруз ин шахсиятҳо берун аз хориҷи мамлакат истода сиёҳ мекунанд, нависандагони моро “Фермаи ҷавоб” номидааст. Бигузор ҳамин тавр гӯянд. Имруз мо нону намаки ин сарзаминро хурда ба воя расида мисли Шумо бар зидди давлати худ силоҳ набардоштаем ва агар хизмати мо дар назди Ватан нисбати амалҳои нопоки Шумо бо ҳамин роҳ мубориза бурдан бошад мо лозим ояд дар роҳи пойдори сулҳи давлат ҷони худро фидо хоҳем кард.

Рўзиев С.Т. – омўзгори кафедраи сиёсатшиносии МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ