Ба ҳаргуна овозаҳо фирефта нашавем.
Чӣ тавре, ки маълум аст Паймони Миллии Тоҷикистон, эътилофи гуруҳе аз созмонҳои мухолифи ҳукумат дар хориҷи кишвар бо нашри изҳороте гуфтанд, ки “Шарофиддин Гадоев, ки бо мақсади корҳои хусусиаш сафари Русияро дошт, аз он ҷо рабуда шуда, ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Паймони Миллии Тоҷикистон бо тамоми масъулият изҳор мекунад, ки ин бозгашт ихтиёрӣ набуда, номбурда дар натиҷаи як амалиёти махсус рабуда шудааст.” Шарофиддин Гадоев, узви ин паймон аст. Локин дар нашрияҳои иттилоотии ВКД чунин хабар дода шудааст, ки Шарофиддин Гадоев ба амалӣ номатлуби худ иқрор шуд.
Чунон чӣ, худи ӯ иброз намудааст: “Шояд изҳороти ман имрӯз шубҳаовар бошад. Аммо дар ҳақиқат ман бо дастгирӣ ва ёрдами Вазорати корҳои дохилӣ баъди 6,5 соли муҳоҷират ба Ватан баргаштам. Дарк кардам, он муборизаҳоям дар Русия ва Аврупо хато будаст, он маълумоте, ки ба мо расондаанд манбаъҳои он қадар дуруст нестанд”, - изҳор дошт ӯ.
Ҳар касе, ки аз ахбори нав ба нав саривақт огаҳӣ пайдо карда меистад, имрӯз аллакай дарк кард, ки Шарофиддин Гадоев худ ба ватан баргашта, ба кардаҳои хеш иқрор шудааст. Аммо инро ҳамаи кӯрону кароне, ки то ҳол дар ғарибӣ мунтазири супоришҳои хоҷагонанд дарк карда наметавонанд. Аз куҷоҳо нишаста овоз мебароранд, ки Гадоевро маҷбур ба Тоҷикистон овардаанд. Ҳой, хоинони давлату миллати тоҷик, берун аз ватан, ки гаштед, гаштани худро донед. Ободию осоиштагии Ватанро дида натавонед, ба иғвою фитнаю ҳамаи он дигаре, ки дар чандин вақт хоси шумо шудааст даст назанед!
Омадни Гадоевро халқ донист бо кадом роҳе набошад ба Ватан бозгаштааст. Халқ медонад, ки рӯзе шумо ҳам бо пушаймониҳои зиёд, бо иқрори гуноҳҳои бахшиданашавандаатон ба Ватан боз мегардед, лек дер мешавад. Ҳамон рӯзро фикр кунед, ки халқу Ватану миллат шуморо бахшад ё не!
Сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ Бобоева М.Р.