​Табрикоти Пешвои созандасоз ва ободкор бо рeзи дониш

Боиси ифтихору хушнудист, ки ҳамасола дар кишвари маҳбубамон рўзи 1-уми сентябр ҳамчун «Рўзи дониш» дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархунда бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 1-юми сентябри соли ҷорӣ дар бинои донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти чумхурии точикистон дарси сулҳу дониш баргузор гардид. Пешвои муаззами миллат фарорасии рўзи дониш ва соли нави таҳсили 2019-2020-ро ба кули ҳамватанонамон самимона шодбош гуфта, аз насли ҷавону ояндасоз таҳсили хубу аъло, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, технологияи компютерӣ, ҳарчӣ бештар мароқ зоҳир кардан ба омўзиши фанҳои дақиқ ва хизмати содиқонаву самимонаро ба Тоҷикистони азиз даъват ба миён оварданд.

Воқеан мо аз он шукргузорем, ки дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати ҳадафмандонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароитҳои арзанда барои аз бар кардани донишҳои замонавӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамзинаҳои таҳсилот муҳайё карда шуда, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар эътироф гардидааст.

Аз он хурсанду сарфарозем, ки дар шароити сулҳу субот, оромию ваҳдати миллӣ бо чеҳраҳои кушодаву рухсораҳои болида ва қалби лабрез аз меҳру муҳаббат ва шодию нишоти беандоза ба ояндаи неки сарзамини аҷдодиамон боз ба дидори ҳам расида, Рўзи донишро истиқбол мегирем.

Моро месазад, ки ҷавобан ба ѓамхориҳои рўзафзуни Ҳукумати кишвар, бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона меҳнат кунем, хубу аъло таҳсил намоем, арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллиро ҳифз намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва аз давлати соҳибихтиёрамон ифтихор дошта бошем.

Мудири кафедраи химияи органикӣ ва амалӣ Тиллобоев Х.И.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ