​Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Манонова М.

Мусаллам аст, ки тоыикон аз қадимтарин халқҳои мутаммадини маҳсуб ёфта, дар дарозои таърих дар олами сиёсат, ҳикмат ва фарҳанги ыомеаи башарӣ саҳми муносиб гузошта, борҳо фоыиаҳои хунин, хавфи завол ва маҳви миллиро аз сар гузаронидаанд. Ба раѓми аынабиён, ки тўли чанд қарн инқирози маънавию нажодии тоыиконро ҳадафи хеш қарор дода буданд, ин миллати хирадпарвар ҳаргиз ба ягон кишваре дасти таыовуз дароз накардаву нияти бад накардааст.

Шуруъ аз ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддӣ“Терроризми байналмилалӣ” рў ба рў гаштааст. Имрўз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ин вазъияти баамаломада хавфу хатар дар Тоыикистони мо низ эыод намуд. Ҳарчанд зуҳуроти номатлуб будани терроризм ва ифротгароӣ ҳисобида шудани он мукарраран тариқи васоити ахбори умум, гузоришоти Президенти кишвар ва шахсони барўманд баён гардидааст, вале бо ҳам ыавонони гумроҳ ба ин равияҳо ыалб гашта истодаанд. Мусоҳиба бо Азизов Шамс Одинаевич – судяи Суди Олии Ыумҳурии Тоыикистон набояд ҳар як сокини кишварро бетараф гузорад. Бо асноди дақиқ амалҳои паст ва оқибатҳои нохуши ҲНИТ дар мусоҳибаи мазкур, ки иборат аз таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, кўшиши тағйир додани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ ошкор карда шудааст. Халқ фарзандони беномуси миллат чун Давлатов Аловуддин, Карамхудоев Шерик, Маҳмадризоев Сабзалӣ, Шарипов Мукаррамхўыа, Шарипов Муссаямхўыа, Турсунов Абдумубин, Маннонов Қурбон ва дигаронро маҳкум мекунад ва ҳисси нафрату адовати хешро ифода намуда истодааст.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо, ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азизҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Ыаноби Олӣ тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад. Онтавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик, таҳаммулназирию башардӯстӣ ва соҳиби қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсоз будани онро собит созад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ