ҲНИ-ро Саидюнус ба вартаи ҳалокат мебарад
Дар як навиштае, ки ҳафтаи гузашта доир ба ҳизб ё гуруҳи сиёсӣ Саидюнус фикру мулоҳизаҳои танги хешро баён кардааст, дар атрофи масоили дарунӣ ва берунии фаъолияти гуруҳҳои ифротӣ ба монанди ҲНИва Паймони Миллии Тоҷикистон гиреҳ мехӯрад, ки аз он одами боақл ва соҳиби дониши ҳирфаӣ ягон ҷиз фаҳмида наметавонад.Маълум нест, ки Саидюнус бо ин навиштааш чӣ гуфтанист. Аз корҳои анҷомдодаи ин гуруҳҳои террористӣ дифоъ мекунад ва ё баракс онро маҳкум. Ба назар мерасад, ки Саидюнус ҳанӯз ба дарки масъалаҳои сиёсӣ ва мақсади ташкили ҳизбҳои солими сиёсӣ нарасидааст. Ин чизҳое, ки ӯ дар мавридаш суҳбат ростааст, аз афкори манфиатҷӯёна ва ифротгароёнаи ифротиёни ҲНИ сарчашма мегирад ва чизи наву тозаи хонаднӣ нест.Чумлаи дигари ӯ чунин аст: “Паймони Миллии Тоҷикистон — ки банда ифтихори узвият дар ин онро дорам”. Саидюнус ва ин ташкилоти террористиаш ҷои ифтихор ва сарбалндӣ нест, баракс ҷои нангу ор аст.Зеро дар ин ташкилоти нафратовар як дасту хару сагони беақл ҷамъ омадаанд. Ин амали нохалафон пурра характери манфӣ дошта, Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистони азизро, ки сарварии он ба як марди оқилу доно ва пеш аз ҳама адолатпарвар Эмомалӣ Раҳмон сазовор гаштааст, бадном мекунад. Лекин ман боварии комил дорам, ки ҳар як тоҷики асил ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ мебошад.
Дар фикри он ҳастам, ки ин гуна сухангӯии беруна аз тарафи инсонҳои кундзеҳн ва беоянда навишта мешаванд. Онҳо худро гӯё аз шахсоне мегиранд, ки ҳамаи ҳақиқатро медонанд ва гӯё тарафдори мардуми тоҷиканд. Лекин баръакс ин гуна афродони ватандушман кӯтоҳандешанд ва дастовард, сулҳу оромӣ ва тинҷию осудагии кишварро намехоҳанд.
Дар маҷмӯъ, метавон таъкид кард, ки суханҳое, ки Саид.нуси истаравшанӣ дар навиштааш овардааст, як сухани пучу бемаънии Кабирӣ буда, он аз ҳақиқат дур аст. Мо аҳли зиёи мамлакат онро маҳкум карда, муроҷиат аз он мекунем, ки Кабирӣ аз ин ҳарфҳои ҳангоматалабонааш даст кашад.
Юсупова М. – ноибдекан оид ба таълим