​Оромии кишвар қарзи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон

Аз қадим миллати тоҷик нисбати миллатҳои ҳамсоя эҳтироми хоса дошта барои пойдории дӯстӣ кӯшиш менамояд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки шаҳрвандони Қирғизистон дар бозорҳои вилоят ташриф оварда барои харидории маводҳои рӯзғор аз мағозаву обзорҳо истифода менамоянд. Эҳтиром байни тоҷикону қирғизҳо мақоми хосаро ишғол менамояд. Қаблан як муқоиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дода гувоҳи он буд, ки ду миллати ба ҳам дӯст тарафдори сулҳу субот ҳастанд.

Тибқи баъзе маълумотҳо санаи 18-уми декабри соли равон бо аъзоёни кишлоқи Сомониёни ноҳияи Исфара вадеҳаи Кок-Тош-и Қирғизистон байни ин мардуми дӯст муноқиша бархеста боиси нофаҳмиҳо гардидааст. Дар давраи Шӯравӣ ҳамаи шаҳрвандони ду миллат байни худ рафту омад дошда то ҳол идома меёбад. Решаи ҳамаи ин муноқишаҳо ба фикри банда дар хориҷа қарор дорад ва шахсони мутасаддӣ ҳалли ин масъаларо меёбанд ва ин миллатҳои дӯсту бародар солҳои дигар дӯстиро идома медиҳанд.

Мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт Валиев Р.М.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ