​Ҷаҳонро дӯстӣ наҷод мебахшад

Аз давраҳои қадим дар ҳудуди Осиёи Миёна халқияту миллатҳои гуногун зиндагӣ карда муносибати дӯстона доштанд.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза кӯшиш менамояд то муносибати Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳонӣ ва байналхалқӣ дар сулҳу оромӣ ва муносибатҳои дӯстона қарор гирад.

Аз ин лиҳоз бояд қайд кард, ки густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни давлатҳои ҳамсоя,алалхусус бо ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон барқарор гардидани муносибати дӯстона аз ин гуфтаҳост.

Лекин вақтҳои охир ищво ва дахолати бегонагон, норасогии миллӣ, худбиниҳои сиёсӣ ва нофаҳмиҳо сабаби ҷанҷолҳо мегарданд.

Он воқеаҳои нангине, ки рӯзҳои гузашта байни аҳолии Ворух ва Оқ-сой ба вуқӯъ пайваст, хеле даҳшатовар мебошад.

Ин воқеаи баамаломада дар байни мардум муҳокима шуда истодааст.

Мо, омӯзгорон ҳамаи мардуми ҷаҳонро ба он даъват мекунем, ки дар зери осмони соф ва сулҳу амонӣ зиндагонӣ намоянд. Боварии комил дорем, ки ин ҳодисаи бавуқӯъомада зуҳуроти муваққатӣ буда, халқҳои тоҷику қирщиз дар асоси муносибатҳои сулҳҷӯёнаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва эҳтиромӣ зиндагӣ карда, барои муносибатҳои неки ҳамсоягӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зеро мардуми тоҷик аз қадимулайём инсондӯсту инсонпарвар ва тарафдори сулҳу субот буда, имрӯзҳо низ ин муносибати аҷдодонамонро идома медиҳад.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Дарк бинамояд ситоиш, мардуми барно дилам.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ