​Аз ин вабо барҳазар бошем!

Ифродгароӣ тундравӣ падидае аст, ки шахси ба он гирифторгардида танӣо ақидаи худашро дуруст ва гуфтаҳои дигаронроинкор мекунад. Ба ифродгароӣбештар ҷавононе майл мекунанд, ки таҷрибаи зиндагӣ надоранд ва мехоҳанд, ки дониши бадастовардаашонро дар амал татбиқ намоянд. Дар ин замина баъзан донишҳои динӣ барои майл кардани онҳо ба ифротгароӣ мусоидат мекунад.

Аслан, дониши динӣ новобаста аз он ки пайрави кадом дин аст, ҳаргиз ифротгароӣ ва терроризму экстремизмро тарғиб намекунад. Аммо гурӯҳи ҷавонони ба тарғибу ташвиқи мубаллиғони равияҳои динӣ, муллоҳои чаласаводгирифторгардида ба ифротгароӣ рӯй меоваранд. Мушкилии дигар дар он аст, ки ифротгароиро як ҷузъи фарҳанги миллӣ намоиш медиҳанд. Мисоли оддӣ: Барои ба мактаб ва донишгоҳ ҷалб нагардидани занону духтарон кӯшиш мекунанд. Ҷавонон ба ҳамсарашон як тараф истад, ба хоҳаронашон барои таҳсилу илмомӯзӣ монеа эҷод мекунанд ва ин корашонро шарҳ медиҳанд, ки пештар чунин набуд,бибию бибикалонҳояшон таҳсил накарда буданд.Аммо онҳо инро ба назар гирифтан ва эътироф кардан намехоҳанд,ки асри нав аст.Замон донишомӯзиро талаб мекунад,ҳатто ҳадиси пайғамбарамон ҳам ҳаст,ки духтарон бояд хонанду илм омӯзанд.

Исломи воқеӣ онро талаб мекунд,ки ҳар мусалмонмарду мусалмонзан илм омӯзанд ва он аз зумраи воҷибот дониста мешавад.

Дар байни донишҷӯён,ки нав ба мактабҳои олӣ меоянд, чунин пиндорҳо гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Аз ин хотир барои аз байн бурдани фаҳмишҳои барғалат ва ифротӣ беҳтарин роҳе,ки метавонад ҷавононро ҳидоят усули тарбияи ҳамсол ба ҳамсол аст. Як гурӯҳи солимфикри ҷавонон ба гурӯи дигар роҳи дурусти зиндагӣ ва баромадан аз ифротгароиро мефаҳмонад. Агар ҷавони ифротгаро майл ба дин дошта бошад,ҳамсолаш, ки бояд ба ӯ роҳи дурустро фаҳмонад,дониши кофии динӣ доштанаш зарур аст.

Аз ин рӯ,дар донишгоҳҳо омӯзишгоҳҳо ва маконҳои илмомӯзӣ гурӯҳи муайяни донишҷӯёни пешқадамро ташкил намуда онҳоро барои коркардан бо ҷавонони ифротгароӣ сафарбар намудан дар ин маврид худ аз худ, ҳамсол бо ҳамсол муносибат карда, барои ба роҳи рост раҳнамои кардан мусоидат хоҳад кард.

Гузашта аз ин роҳи пешрафтаи паст кардани ҳолатҳои экстремистӣ,террористӣ,тундравӣ ва ғайра боло бардоштани савияи дониш,маҳорату малакаи ҷавонон метавонанд,ки дастёрони таърихи сиёсӣ фаъолият баранд.

Ҷавонони ҳамаҷониба руштёфта,пешсаф ва зирак метавонанд,ки ҳамсолони худро тарбия намоянд.

Дигар омили муҳимтарини паст фаровардани руҳияи илтиҷоиву ифротӣ экстрамистии ҷавонон ба онҳо фаҳмонида дода тавонистани нодурустии фикру рафторашон аст. Руҳияи ифротгароён ва тундгароён чунон аст,ки бо дидгоҳи яктарафа маҳдуд гаштаанд. Агар кас онҳоро ба фикр кардан водор кунад,оҳиста-оҳиста аз роҳи бад бармекардад. Аммо барои қол гардонидани раҳгумзадагон ба омӯзгор ва мураббӣ сабру дониши зиёд даркор аст.

Инчунин,ҷавонон дар деҳаҳо,маҳаллаҳо метавонанд ки сабабгори кам кардани руҳияи ифротӣ гарданд. Аз ҳама муҳим дар ин самт ибрати шахсии ҷавонони пешқадам шуда метавонд.

Асри куниниро асри иттилоот меноманд ва фаровонии маълумот метавонад,ки ҷавононро раҳгум занонад ва аз анбуҳи иттилоот чизи даркориро ёфта натавонанд. Аммо мутолиаи китобҳои муфид, раҳнамоҳои дурусти ахлоқӣ,асарҳои бадеӣ ва илмӣ метавонад,ки асоситарин монеа ба паҳншавии хурофоту ифротгароӣ,бунёдгароиву экстремизм бошад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ