​Факултети геоэкология: Ҷашнгирии Рӯзи Артиши миллӣ

Санаи 21-уми феврали соли 2019 бо ташаббуси кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология бо иштироки донишҷӯёни факултет бахшида ба таҷлили 26 – умин солгарди Рӯзи Артиши миллӣчорабинии тарбиявӣ – фарҳангӣ дар ҳамкорӣ бо донишҷӯёни факултети филологияи рус дар хобгоҳи писаронаи №9-и донишгоҳ баргузор гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология, дотсент Мурод Собиров ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҷашни Артиши миллӣ муборакбод намуд.

Баъдан, донишҷӯён Суруди миллиро қироат намуда, ба бошандагони хобгоҳ шеъру суруд, наворҳои ҷолиби шӯхиовар, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва тарбиявӣ, қироати шеър дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, Тоҷикистон ва дигар қисмҳои омодакардаашонро намоиш доданд.

Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯёни факултети геоэкология ва филологияи рус, бо низомӣ суруди “Қасам” дар фазои тантанвӣ танинандоз гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ