​Сайидюнуси Истаравшанӣ – хоини Ватан

Сайидюнуси Истаравшанӣ хоине мебошад, ки мехоҳам мулоҳизаҳои худро нисбат ба ин "шахс" арз намоям. Аз ибораҳои жожи онҳо монанди «афроди шинохта», «шахсиятҳои сиёсии тоҷик», «рӯшанфикрони миллат», «озодандешони тоҷик» ва ғайраро, ки расонаҳои бегона дар муаррифии ин шахсиятҳои «анҷуман» истифода кардаанд, бо рӯйхати муассисон муқоиса кунем, мебинем, ки дар байни онҳо ягон шахсияти шинохта ё фарҳангии тоҷик вуҷуд надорад. Магар касе дар Тоҷикистон «шахсияти сиёсӣ» ё «фарди шинохта»-еро бо номи Сайидюнуси Истаравшанӣ мешиносад? Чи тавр ин шахси гумном, ки на танҳо хиёнат ба ватан, балки хиёнат ба дин ва мазҳаби аҷдоди худ кардаро шахсияти сиёси ва озодандеш гуфта мешавад?! Сайидюнуси Истаравшанӣ на бо фарҳангу озодандешӣ, балки маҳз ба мазҳабфурӯшӣ фитнаандозӣ, муздурию хиёнаташ дар фазои маҷозии тоҷикизабонон (интернет) "машҳур" гаштааст.

Чӣ тавр тасаввур карда мешавад ки як нафар охунди мутаассиби бо тамоми вуҷудаш душмани на танҳо ба давлати дунявӣ, балки душмани аҳли суннат ва ҷамоъат метавонад дам аз озодӣ ва ҳифзи дунявият дар Тоҷикистон занад.

Саидюнуси Истаравшанӣ ҷосуси зархариди эрониҳои шиамазҳаб буда ба хотири маблағи ночизе аввал имону эътикодашро, баъдан ватану модарашро фурӯхтааст. Дар рӯзҳои сахте, ки ба сари мардуми Тоҷикистон омада ин "озодандеш" ҳамчун гадо дар назди хоҷагони худ буд. Оё фарде ки як бор зиёнат кард, бори дуюм хиёнат намекунад? Мо ҳаминро медонем, ки агар касе аз мазҳаби аҷдодии хеш даст кашид, оқибаташ гумроҳӣ ва табоҳӣ мебошад. Агар ин "озодандеш" ватандӯст миллатдӯст мебуд, дар рӯзҳои сахте, ки ба сари мардум омада буд, ҳамроҳи мардум мебуд, аммо он рӯзҳо, ки солҳо 90 асри гузашта буд, дар кайфу сафо буд, парвои на миллат дошт, на ватан. Аммо имрӯз тараққӣ ва пешрафти ватан ҳамчун хор ба чашми бадхоҳони ватан мехалад, ки бехабар аз ин ки бадхоҳи касон хеч ба максад нарасад, ё ин ки бори каҷ ҳеҷ вақт ба манзил намерасад. Мардуми Тоҷикистон нисбати ПЕШВОИ МИЛЛАТ меҳри зиёде доранд, зеро дар рӯзҳои сахт ғамхори миллат буд ва миллати парокандаро сарҷамъ сохт, ватанро обод сохт.

Бердишукуров А. - мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ