​Унсурҳои ҷанги иттилоотӣ дар воқеаи маҳбусон

Дар асри кунунӣ ҷангҳои иттилоотӣ дар олам хеле густариш ёфтаанд ва дар ин ҷанг майдони воқеӣ мавҷуд нест, ки душманро рўирост дида тавонӣ. Майдони ҷанг виртуалӣ аст ва яроқу аслиҳаи он воситаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои муосир ба шумор мераванд. Ҷанги иттилоотӣ – таъсиррасонӣ ба афкори умум аст, ки тавассути технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҷанги иттилоотӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони он чандест, ки идома дорад. Агар рафти ин ҷангҳоро аз нуқтаи назари илмӣ таҳлил кунем, бисёр чиз равшан хоҳад гашт. Дар ҷанги иттилоотӣ воситаҳои радио ва шабакаҳои коммуниатсионӣ яроқу аслиҳаи асосӣ дониста мешаванд, ки мухолифини ҳукумати Тоҷикистон аз инҳо истифода мебаранд ва ба ин мавҷуд будани радиои Зелло, шабакаҳои мухталиф дар интернет мисол гашта метавонад.

Дар мисоли гузоришҳои охирини Ахборком ва дигар шабакаҳо, ки мухолифини ҳукумати кишвар нисбати воқеаи дар роҳи Хуҷанд - Душанбе вафот кардани 14 нафар маҳбус баён карданд, маълум мешавад, ки онҳо роҳҳо ва методҳои мушаххаси набарди иттилоотиро пеш гирифтаанд. Инро дар мисолҳои зерин дида мебароем:

  • Истифодаи мантиқ ва аргументҳои ақлӣ барои бовар кунонидани одамон.
  • Методи дурўғи бузург. Гарчанд ки аз баёнияи ВКД ҶТ фаҳмидан мумкин аст, ки корҳои тафтишотиро Прокуратураи Генералӣ оғоз кардаасту парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, лекин ин аз мадди назар дурр мемонад. Методи дуруғи бузург амал мекунад. Тибқи ин метод фарзияҳо нисбати ҳар ҳодиса гуфта мешавад. Дар мисоли қаблӣ танг будани мошини интиқолкунандаи маҳбусон, гирифтор шудан ба садамаи нақлиётӣ ва ғайраҳо тахмин ҳасту бас. Аммо мақсади методи дурўғи бузург аз байн бурдани ҳақиқат аст. То андозае, маълумоти расмӣ ва ё воқеӣ дар тафаккури омма мавриди шубҳа қарор мегирад. Ҳамин тавр одамон на ба ҳақиқати хурд, балки ба дуруғҳои бузург бовар мекунанд.
  • Методи устурасозӣ. Дар ҳар гузориш ва хабарҳое, ки аз тарафи мухолифини ҳукумати кишвар ба нашр мерасанд, методи устурасозӣ ба назар мерасад ва маълум аст, ки нисбати мансабдорони баландпояи ҳукумати Тоҷикистон ҳар бадгўие, ки мешавад, ба хотири сохтани симои устуравии қаҳрамони манфӣ дар афкори ҷомеа мебошад. Дар раванди устурасозӣ хизматҳои чандинсолаи ин мансабдорон ба назар гирифта намешавад ва танҳо устура – мифҳо дар бораи онҳо ба вуҷуд оварда мешавад. Дар афкори омма мухолифони ҳукумати Тоҷикистон вазирон ва роҳбарони баландпояро бо истифодаи методи устурасозӣ ҳамчун нодону гўлу аҳмақу золим нишон медиҳанд, ки он ҳам мутобиқ ба методи ҷанги иттилоотӣ мебошад. Аз устураи навбатӣ дар хабари пахшкардаи Ахборком мефаҳмем, ки сабаби марги 14 нафар зиндонӣ рақобат ва ҷанги дохилии генералҳои тоҷик аст. Яъне генералҳои тоҷик дар ин устура қувваҳои сиёҳ ба шумор мераванд.

Дар баёнияи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби вафоти маҳбусон дар роҳ чунин оварда шудааст. «Дар қисмати дуюми роҳ дар мавзеи Майхўраи ноҳияи Варзоб яке аз маҳбусон 3 адад ноне (хлеб), ки бо худ ҳамчун дастовези муқаррарӣ доштааст, тибқи маъмул ба 16 нафар маҳбус тақсим кардааст. Баъди истифодаи он тақрибан бо гузашти ним соат бо 16 маҳбусе, ки дар бордони қисмати 2-юми автомашинаи таҳти рақами 024 ВА 01 буданд, ҳолати дилбеҳузўрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба вуқўъ пайвастааст. Соати 18:20, вақте ки вориди муассисаи тафтишотии СРИҶҶ Вазорати адлия гардиданд, ҳолати истеъмолкардагони нони маҳбус бад шуд. Дар 16-тои онҳо ҳолати аз ҳушравӣ мушоҳида гардид. Соати 18:25 бригадаҳои махсуси ёрии таъҷилӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тиб барои кўмаки аввалия вориди МТМН СРИҶҶ ВА ҶТ гардиданд».

Ин иттилоои расмӣ аст ва дар гузориши Ахборком дидан мумкин аст, ки мантиқбозӣ ва овардани аргументи эътимодбахш дида мешавад. Чунончи, дар ин бора дар маводи Ахборком фикри духтуре оварда шудааст, ки аз нон инсон заҳролуд намешавад, ба шарте, ки тар таркиби хамир моддаи заҳрнок набошад. Номи он табиб зикр нагаштааст ва табиист, ки ин методи мантиқӣ барои боварӣ бахшидан ба одамон истифода гаштааст.

Устурасозии баракси ин – сафедкунии чеҳраи мухолифин ҳам ба назар мерасад. Изҳори тасаллият кардани Муҳиддин Кабирӣ ба хонадони фавтидагон идомаи устурасозии сиёсӣ аст ва бо ин роҳ онҳо худро фаришта ва ё қуи сафеди бегуноҳ вонамуд карданӣ мешаванд.

Ҳамин тавр, фаҳмидан мумкин аст, ки барои ба даст овардани афкори мардум мухолифин методҳои ҷанги иттилоотиро хуб аз худ кардаанд ва онро самаранок истифода бурда истодаанд. Аммо масъала дар ҷои дигар аст: на ҳама ба фиреб ва иддаои ростгунаи онҳо гирифтор гашта метавонанд. Кӣ будан ва чӣ мақсад доштани онҳоро мардум кайҳо донистаанд.

Ислом Раҳимов – декани факултети забонҳои шарқ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ