​Изҳороти устодони факултети санъат

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пешрафти технологӣ амнияти фазои иттилоотӣ вазифаи муҳимтарин маҳсуб меёбад, зеро замони бархўрдҳои нав, давраи «ҷангҳои иттилоотӣ» фаро расидааст. Имрўз гурўҳҳои ифротӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъоланд ва доми тазвири хешро тавассути технологияҳои муосир густрудаанд. Натиҷа ҳамин аст, ки ҳазорҳо нафар ҷавонон ба онҳо пайвастаанд. Имрўз бо истифода аз васоити муосири технологӣ гурўҳҳои экстремистӣ ва он қувваҳое, ки паси онҳо истодаанд, хеле муваффақона дар мағзшўии ҷавонон фаъолият доранд ва ба ин васила сафҳои худро пур мекунанд. Гурўҳҳои ифротӣ ба фазои иттилоотии давлатҳои Осиёи Марказӣ даромада, ба он таъсир расонида тарафдорони худро пайдо мекунанд. Имрўзҳо вебсайтҳо ва сомонаҳои гуногун тарғиби ғояҳои экстремистиро ба роҳ монда, аз пайи зиёд карданаи тарафдорони худ ҳастанд. Тибқи мушоҳида имрўз насли калонсоли ҷомеа бо технологияи иттиллоотӣ на он қадар сару кор доранд, истифодабарандагони интернету телефонҳои мобилӣ асосан ҷавонон мебошанд.

Мо, бахусус насли ҷавони кишвар набояд фаромўш созем, ки яке аз омилҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба сангарҳои мухолиф тақсим шудани ҷавонони хунгарму бетаҷриба, ҳамин тарғиботи тундгароёна ва ташвиқоти яктарафаву густариши афкори бегонапарстӣ буд, ки кишвари моро ба вартаи шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва маънавӣ гирифтор намуд. Халқи тоҷик як бор меваи талхи тундгароиву зиёдаравиро чашид. Ба таври лозимӣ мусаллаҳ набудани ботину зеҳни ҳар як фарди тоҷикро дарк намуда, дидем, ки инсонситезӣ чи хатарҳои мудҳиш ва чи гуна оқибатҳои ногуворро падид овард.

Аз ин хотир, ҳар як фарди соҳибфарҳанги кишвар, алалхусус насли ҷавонро зарур аст, ки зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии маънавиро аз даст надода фирефтаи идеологияи ғаразноки хоинони миллат нагарданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ