Доир ба амалҳои ватанфурӯшонаи Илҳом Ёқубов
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Илҳом Ёқубов, собиқ сарвари ҲНИ дар шаҳри Хуҷанд, ки худро Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ эълон доштааст, аз доираи чунин ашҳос аст, ки ҳадафи аслияш: шӯрангезӣ, дунёситезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, таблиғи бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарварӣ , бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ, ба таври маҷбурӣ тағйир додани ақидаи мардум, ҷонибдорӣ кардани ҳизбиу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ташвиқи фавқулоддагӣ, афзалият ё камарзишии инсон аз рӯи нишонаҳои иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, мансубияти забонӣ ва муносибат ба дин, эътироф накардани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар муносибат бо мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ва динӣ ва ғ.
Амалу кирдорҳои зишт, бероҳа намудан, ба амалиётҳои ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонони роҳгумзада, тӯҳмату бӯҳтон ва даъватҳои ғайриқонунии ин афрод нобахшиданианд.
Ҷомеаи мо ниёз ба чунин ашхоси мардумро ба гумроҳӣ ҳидоят кунанда надорад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки чунин ашхосро «хоҷагонашон» онҳоро чун луъбатаке бозӣ медароранду бо ваъдаҳои пуч доманашонро пур мекунанд ва як умр дар сарсониву беватанӣ ва дар олами орзуҳои ширини амалинашавандаашон саргардон менамоянд.
Аз ин лиҳоз моён набояд ба ҳама туҳмате подарҳаво, саропо дурӯғ ва бесоси чунин ашхоси иғвогар - “рӯзноманигор” бовар намуда фирефтаи мақолаҳои беасоси ӯ шавем. Месазад, ки ҳар як фарди худогоҳи мамлакат дар тарбия кардани наврасону ҷавонон, яъне наслҳое, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, саҳмгузор бошанд ва нагузоранд, ки онҳо ба доми хоинони давлату миллат кашида шаванд.
Кафедраи умумидонишгоҳии информатика дотсент Юсупова Ф.