Хоруғ диёри осудаҳолон
Имрӯзҳо сокинони Вилояти Мухтори Бадахшон аз пешрафт ва ободиишаҳри Хоруғ аз наздик ошноӣ доранд . Шаҳри Хоруғ ҳамчун маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диёри осудаҳолон аст. Осудаҳолии халқ дар он аст, ки мардуми меҳандусту меҳнатқарини ин диёр бо меҳнати софдилонаю ҳалоли худ зиндагии хешро пеш бурда истодаанд. Илова бар ин аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маблағҳои зиёде барои Бадахшон ҷудо шуда, дар як муддати хело кӯтоҳи истиқлолӣ симои шаҳр ва вилоят куллан дигар гашта, шароит ва сатҳи зиндагии мардумро баланд бардоштааст.
Бояд зик кард, ки тайи солҳои истиқлолият иншоотҳои зиёд сохта ё таъмиру барқарор шудаанд, ки ба ин мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар муаассисаҳо дохил мешаванд. Ватан ободу зебо мегардад, ки аз ин осоиштагии халқ афзуда истодааст.
Бояд қайд намуд, ки мо тоҷикон рӯзҳои сахтро аз сар гузаронидаем, душманони бадбин моро бо хун оғушта сохтанд, баъзе кӯтоҳандешон ба гуфтаҳои онҳо бовар карда ба хароб гардонидани Ватан, несту нобуд кардани одамони бегуноҳ даст заданд, қариб буд, ки соҳибватаниро аз даст бой диҳем лекин ақли солим, ваҳдатшинос будани халқ, хунан миллати созанда буданамон андешаҳои бадбенона, душманона, ғаразнокии хориҷиёнро дарк карда рӯ ба озодӣ, ободӣ ва некуавҳол сохтани зисти мардум нигаронидем. Шукри Истиқлолият, Шукри ваҳдати миллӣ шукр аз он мекунем, ки роҳ гум назада ҳоло Соҳиби Ватани ободу зебо ҳастем.
Эй ҳамватанон мо бояд диди сиёсиро барҷо дорем, ба гуфтаҳои иғвогаронаи нокасон, фитнаву ҷудоиандозии душманон дода нашуда Ватани гул гул шукуфтаистодаамонро боз ба харобазор табдил надиҳем. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми меҳнатдӯсту меҳнатқарини Бадахшон дар ҳама давру замон мулоҳизакорона бо меҳнати софдилонаи худ зиндагии ҳамарӯзаи худро ба пеш бурда истодааст. Нагуфта намонад, ки Хоруғ шаҳри ободу зебоест дар Тоҷикистон. Ҳукумати мамлакат ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки он боз ободтару зеботар гардад.
Кӯшишҳои ҳамарӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки ҳамаи гӯшаю канори мамлакат ободу осудаҳоли дошта бошад. Барои ба ҳадафҳои худ расидан мо бояд ба гуфтаҳои найрангбозонаи душманон ва лухтакчаҳои онҳо гӯш надодабо як азму талош ва иродаи устувор, аз як гиребон сар бароварда кишварамонро ободу зебо намоем.
Изҳороти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим