​Бунёди бади ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзат

Дар ибтидои асри XXI ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гаштааст, ки номаш терроризм мебошад. Албатта, онҳое, ки терроризммегӯянд, он падидаест, киинсониятро дар тӯли таърихи мавҷудиятиҳамроҳӣ намудааст ва он бе асос нест.

Чи хеле, ки Пешвои муаззами миллатдар бораи терроризм ва экстремизм таъкид кардаанд: террорист дар асл миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душтани худо ва бандагони ӯ мебошад.

Терроризм ва экстремизм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама мебошад.

Яке аз ташкилкунандагон ва тарафдорони ҳодисаҳои террористиву экстремистӣ ин намояндагониҳизби наҳсати ислом аст.

Қариб чанд сол ҳизби наҳсати ислом дар Тоҷикистон фаъолият бурда,ба ҷамъият ва мафкураи ҷавонон зарари калон расонид. Ҷавонони зиёдробо доми худ гирифта, аввал худро фидоиёнидини ислом нишон дода баъдан ба мақсадҳои ғаразноки худ гирифтор намуда ҳатто чунон ҷавононро фиреб дод, ки онҳо фирефтаи дини ислом гашта аз баҳри оилавупадару модар, бародару хоҳар ва Ватан баромада ба давлатҳои Сурияву Ироқ рафта, ҳамчун террорист корҳои ғайриқонуниро ба амал оварда ҷони ҷавони худро хазон мекунанд.

Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёдкардани ҳизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад.

Намояндагони ҲНИ ҳоло дар хориҷи кишвар зиёдмебошад.Ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, хиёнат ба модар,хиёнат ба дини мубини Ислом намуданд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад,

Мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Бояд таъкид намоем, ки мутобиқи моддаи 4-и Конуни ЧТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯроварӣ, тағйир додани сохти конститутсионӣ равона гардидааст ё маҳалгароӣ ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Албатта дастовардҳое, ки мо имрӯз аз баракати мустақилият ба даст овардаем, осон ба даст наомадааст. Сари ҳар қадам ҳадафи манфиатҷӯёни беруна қарор гирифтаем, ки дар амалҳои бадхоҳонаамон ҳатман фарзандони худфурӯшу хиёнаткори миллати худамонро истифода бурданду доранд ва мебаранд.

Дар замони ҳозира, ки пур аз тазоду мушкилиҳо мебошад, доир ба афзудан ва густариши терроризму экстремизм ва дигар зуҳуротипадидаҳои номатлуби ҷомеа зиёд ҳарф мезананд.

Мақсади асосии ин ҳизб фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад.

Аз ин рӯ, мо низ омӯзгорон намегузорем, ки дар Ватанамон хоре халад. Бинобар ин дар дарсҳоямон ва соатҳои тарбиявӣ доимо ҷавононро ҳушёру огоҳ месозем, ки ба ин гуна ҳизбҳо шомил нагарданд баҳри пешравии давлатамон Тоҷикистон саҳмгузор гашта оянда худро сохта тавонанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ