Тарбияи фарзандони бонангу номус — кори дастаҷамъии аҳли ҷомеа

Солҳои охир ҳодисаҳои номатлубу хатарнок бо номи ифротгароӣ, терроризм, зўроварӣ, экстримизм, аз тарафи ҷавонон ба чашм мерасад.

Сарвари муаззами кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои сатҳи гуногун иброз доштаанд, ки «террорист, Ватан, миллат ва мазҳаб надорад ва аз ин рӯ мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои якдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо мекунад». Дар айни замон ба омилҳои паҳн гаштани зуҳуроти терроризм ва экстремизм мо бояд фаромӯш накунем, ки асоси он дар соҳаи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир ниҳон аст.

Албатта ин ҳама чораҳо барои беҳбудии ҷавонон ва пурмасъулият гардидани волидони онҳо андешида мешавад. Зеро аз роҳи бад гардонидани фарзанд ин вазифаи волидон мебошад. Ҷавонон ва наврасон бояд аз сулҳу суботи имрӯза шукргузорӣ намоянд. Аз ин рў он ҷавононе, ки шоми 13-январи соли равон дар шањри Хоруғ ба корҳои номатлуб яъне тирпарони даст заданд аз тарафи ҷомеаи кафедраи ФН ва МТФ маҳкум карда мешавад.

Пас мо, омӯзгорон, кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар руҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ҳимоятгарӣ тарбият намоем ва таъкид намоем, ки чун як фарзанди бонангу номус ва барои миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизи худ ифтихор кунанд, марзу буми онро ҳимоят намуда, бар зидди ташкилотҳои террористӣ мубориза баранд. ЗероТоҷикистони соҳибистиқлол умед ба ҷавонони ояндасоз ва бо нангу номус боварии том дорад.

Изҳорти устодони факултети физика ва техника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ