Пуштибонӣ нашояд
Солҳои 90-уми ҷанги бародаркуш то ҳол аз хотири мардуми тоҷик нарафтааст. Ҳамаи он калонсолоне, ки шоҳиди ҷанги бародаркуш буданд ва медонанд, ки ба он киҳо сарвари мекарду чӣ мақсад доштанд. Хушбахтона дар сессияи тақдирсози ХУ1-ум вакилони халқ барои сарварии Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешбари намуданд. Сухани аввалини муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он буд, ки ман ба халқам сулҳ меоварам. Ин марди худоназаркарда – Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ ба ҷанги бародаркуш хотима бахшиданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани сулҳу ороми борҳо бо мухолифин сари як миз нишаста кӯшиш ба харҷ доданд, ки сулҳро пойдор намоянд. Шукрона дар кишвари биҳиштосоӣ Тоҷикистон сулҳу ороми танинандоз шуд. Барои пешбурди соҳаҳои гуногуни кишвар якчанд ҳизбҳо фаъолияти худро оѓоз намуданд, дар қатори ин ҳизбҳо ҳизби наҳзати ислом низ фаъолият кард.Аммо дар муддати кӯтоҳ ҳизби наҳзати ислом бо фаъолиятҳояш худро чун ҳизби экстремиятию террористи нишон дод. Аз ин лиҳоз фаъолияти ин ҳизб боз дошта шуд. Роҳбарони ин ҳизб кишварро тарк карда фаъолияти экстремистию террористи худро зери роҳбарии хоҷагони беруна идома дода истодаанд. Аъзоёни ин ҳизб аз берун истода нисбати кишвари соҳибистиқлоламон солҳои тулонӣ бо ҳар баҳона туҳмату буҳтонҳо мекарданд. Агарчанд онҳо дар хориҷи кишвар иқомат дошта бошанд ҳам, аз ободкориву созандагии кишвари азизамон бохабаранд. Акнун онҳо кӯшиш намуда истодаанд, ки бо ёрии дигар ташкилоту ҳизбҳо ба худсафедкуни гузаранд. Барои ин онҳо борҳо аз минбарҳои баланди дигар мамлакатҳои хориҷи кишвар суханронӣ карданд, аммо касе ба суханҳои онҳо гӯш ҳам накард, чунки дар бораи ин ҳизб маълумотҳои муфассал доштанд. Аъзоёни ин ҳизби ифротгаро акнун кӯшиш доранд, ташкилоти САҲА-ро пуштибони худ кунанд. Саволе ба миён меояд, ки азбаски ташкилоти САҲА медонад, ки ҲНИ ин ҳизби ифротгаро мебошад, пас чаро ба ин ҳизб пуштибони мекунад. Ё ин ташкилот бо пуштибони кардани ҲНИ ягон манфиатдор аст.
Ҷомеаи факултети математика