Пешвои Миллат- ғамхори миллат

Санаи якуми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатмўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонҳангоми ифтитоҳи бинои навиАкадемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суханронии худ бахшида ба Рўзи Дониш таъкид намуданд, ки «Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори олимону омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид».

Албатта мо аз чунин муносибати хайрхоҳонаи Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф ҳавасманд гардида, бо мақсади иҷрои рисолати азалии хеш дар роҳи таълиму тарбияи насли ҷавон ҳамаи донишу малакаи худро сарф менамоем. Бояд фаромӯш накард, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пешравад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи хешро пайдо намояд.

Аз рўзҳои аввали фаъолияти худ Пешвои миллат ба масъалаи ҷавонон таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамуданд. Зеро рўзҳои аввали истиќлолият дартаърихи миллати тоҷик ва дастовардҳои тоҷикон ҳамчун давраи талошу худшиносӣ ва худогоҳиву ифтихори миллӣ мебошад. Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз омилҳои асосии рушду инкишоф ва мустаҳкамии миллату давлатро маърифат дониста, баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳоро фароҳам овардаанд.

Дастовардҳои технологӣ ва имкониятҳои коммуникатсионӣ ба дараҷае ҳастанд, ки ҳатто марзҳои байни кишварҳо ба онҳо монеа шуда наметавонанд. Ҷавонон бояд мавќеи худро муйян намоянд, то ҳамќадами замон бошанд. Имрўзҳо барои ҳавасманд кардани ҷавонони болаёќат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо стипендияи Президентӣ таъсис шудааст, ки садҳо ҷавонони фаъол аз он бархўрдоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарамЭмомалӣРаҳмондар ҳар баромади хешба забони тоҷикӣ, таърихи куҳани ниёгон ишора намуда, насли ҷавонро барои азбар намудани таъриху тамаддуни миллӣ даъват карда, ватандўстиро ҳидоят менамоянд. Ҳар инсони соҳибхирад бояд, пеш аз ҳама,инсондўст бошаду барои ободии кишвари хеш ҳисса гузор бошад . Ќадри хоку об ва дигар муќаддасоти миллиро донистан вазифаи ҳар яки мост. Арҷ гузоштан ба мероси ниёгонро вазифаи ҳар инсони ватандўст мешуморанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ