​Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад…

Аз сафари пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо мақсади ояндасозиву ибтикороти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишвари Тоҷикистон бо мамолики Аврупо роҳандозӣ гардида истодааст, на танҳо мардуми некбину огоҳдили тоæик, ҳамчунин кулли афроди солимфикри дунё изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Зеро дар ҳар як сафари корие, ки Пешвои миллат ба кишварҳои æаҳон баргузор намудаанд, танҳо ба манфиати мардуми тоæик равона нагардидааст, балки фарогири арзишҳои умумибашарӣ ҳастанд, ки ба ҳамагон мисли рӯзи офтобӣ мусаллам аст. Мутаассифона, кӯрдилоне то ҳол нотавонбинона санги маломат ба роҳбари давлат мепартоянд, зӯр мезананд, ки бо ҳар роҳе набошад ба сиёсати ояндасози Пешвои миллат хати батлон зананд, бехабар аз он ки бо ин рафторашон худро бадному рӯсиёҳ назди æомаи æаҳон месозанд. Бо як-ду гирдиҳамоиҳои бемаъниву раҳпаймоиҳои бемантиқ наметавонанд садди роҳи ин шарёни бузург гарданд. Чунки кули мардуми сайёра имрӯз аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари тоҷикон дар арсаи æаҳонӣ воқифанд ва дудаста таклифоту дархостҳои ин шахси андешамандро æонибдорӣ ва пайравӣ месозанд. Кулли сарони кишварҳои Аврупо нисбати сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҳусни таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар ҳама æабҳа аз пешниҳодоти манзуркардаи мавсуф изҳори қаноатманду карда, дар пиёда намудани онҳо иқдом меварзанд. Ҳайҳот, чанд тан нотавонбиноне, ки гирифтори паёмади амалҳои нопоки хешанд бо тамоми қувва барои шикастани робитаҳои устувор кӯшиш мекунанд, вале тавфиқ намеёбанд ва нахоҳанд ёфт. Беҳуда нагуфтаанд:

Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,

Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ