Мо – Ватанамонро аз ҳарфу суханони душманон ҳимоя мекунем
Зиндагии орому осударо ҳар як шахс мехоҳад дар оила дошта бошад. Бале, оилаҳое, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ мекунанд, шукргузорӣ аз Яздони пок ва Сарвари адолатпарвар ва ғамхори сари мардуми кишвар менамоянд. Ҷомеаи орому осоишта, солиму башардӯст ва миллати тифоқ ин яке аз неъматҳои бебаҳои ҳар як кишвар ба ҳисоб меравад. Мамлакати азизамон Тоҷикистон дорои чунин ганҷинаҳо мебошад, аз ҷумлаи он кишварҳоест, ки барои тамоми шаҳрвандонаш шароити мусоиди зиндагӣ карданро фароҳам овардааст. Воқеан ҳам дар сарзамине, ки аҳолии он ҳаёти орому осоишта ва бо якдигарфаҳмию сулҳу субот умр ба сар мебаранд, ба комёбиву пешравиҳои назаррас мушарраф мешаванд ва таҳти амнияти комили сиёсию иҷтимоӣ қарор хоҳанд гирифт.
Боиси хушбахтиву сарфарозист, ки дар сарзамини зархези ҳамешабаҳори Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо таҳти сиёсати оқилонаю сулҳҷӯёнаи Роҳбари олимақоми давлатамон сулҳу субот, ваҳдату якдилї ва якдигарфаҳмӣ ҳукмрон мебошад. Боиси афсӯс хӯрдан аст, ки на ҳама ба қадри ин гуна сарвати бебаҳо мерасаду шукр мекунад. Айни ҳол дар ҷомеаи мо шахсоне, ки ба қадри ҳаминқадар фароҳамовариҳо, оромиву осоиштагӣ ванеъматҳои моддиву маънавии истиқлолияти мамлакат кӯрнамакӢ мекунанд, онҳо душманони миллати тоҷик ба шумор мераванд. Дидаву дониста, саломатии худу атрофиёнашронро зери хатар мегузоранд ва ба гурӯҳҳову равияҳои тундраву ифротгароӣ, террористию экстремистӣ, ки он яке аз масъалаҳои умумиҷаҳонї ба ҳисоб меравад ва он тамоми оммаро ба ҳарос овардааст, ҳамкорӣ ва ё шомил мешаванд.
Ин тоифа шаҳрвандон бо сабаби паст будани сатҳи маърифат, дониши диннӣ, маҳорату малака, ҷаҳонбинӣ ва дониши сиёсиашон дар сатҳи паст қарор дорад. Шахсоне, ки дорои чунин гуфторҳоянд, зуд шомили чунин ташкилотҳои ТТЭ мегарданд. Бояд зикр намуд, ки агар онҳо дониши сиёсиашон баланд мебуд, ҳеҷ гоҳ ба суханони “пуч”–у “бемазза”-и душманон дода намешуданд. ТТЭ ҲНИ яке аз ташкилотҳои террористӣ ба ҳисоб меравад, ки аъзои онҳар якашон “лагандбардорон” – и хоҷагони хориҷиашон мебошанд ва бо ёрдаму дастгирии онҳо мисоли “саги девона” гоҳ-гоҳе садо баланд мекунанд. Баъди шунидани садои ин “сагбачаҳо” дӯстдорону пайравони ин тоифа гурӯҳи хоинони миллати тоҷик нияти ғаразноки худро мехоҳанд ба сари дигарон, яъне одамони сустирода бор кунанд. Метавон гуфт, ки мардумоне, ки айни ҳол дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд аз он гурӯҳи нодонҳо ба ҳисоб намераванд, зеро онҳо имрӯз сафедро аз сиёҳ, нағзиро аз бадӣ ҷудо карда метавонанд.
Бовар кардан ба чунин “хоинони миллати тоҷик” дар солҳои аввали Истиқлолият нишон дод, ки кишвари мо дарҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд ва дар ин ҷанги хону монсӯз чандин оилаҳои тоҷик бесаробон ва чандин ҳазорҳо фарзандон бе падару бародар монданд. Дигар ҳеҷгоҳ ба чунин ташкилотҳову гурӯҳҳо бовар намекунанд, ва пайваста мекӯшанд барои ободу зебо нигоҳ доштани кишвари маҳбубамон Тоҷикистон камари ҳиммат мебандем. Ин падидаи номатлуб шуури инсонҳоро заҳр зада, онҳоро аз роҳи рост бегона мекунад. Эшон дини поки Исломро бо ном “давлати исломӣ” ба худ ниқоб карда, чандин бегуноҳон ва кудакону занҳоро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида истодаанд. Ба ятим шудани чанде ноболиғон сабабгор мешаванд. Роҳбари давлат борҳо аз минбари СММ таъкид намуданд,ки терроризму экстремизм ба дини поки Ислом ҳеҷ дахле надорад. Балки ин фитнаҳои ғаразноки шахсоне мебошанд, ки барои доғдор кардани дини мубини Ислом ва ҷорӣ намудани ақидаҳои нопоку ғалати худ амалӣ карда шудааст.
Мо - ҷавонон, тарафдори сиёсати оқилонаву сулҳҷӯёнаи пешгирифтаи Роҳбари давлатамон ва намунаи ибрати ҷомеаи имрӯза бошем. Ҳеҷ вақт нагузорем, ҳар гуна ақидаҳои ғалати нохалафон ба шуури ҷомеаи имрӯзаи мо таъсири худро расонад. Мо ҷавонон ваъда медиҳем, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар саҳми арзандаи хешро мегузорем ва намемонем, ки нохалафе нисбат ба Ватан - яъне Модари мо – Тоҷикистон мебошад, ҳарфи ноҷое ба забон орад. Мо – ҷавонон фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум менамоем.